Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Рашт иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд

Сентябрь 11, 2026 14:17

ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода якчанд иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар доданд, дар деҳаи Гулхани Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт роҳи дохилии деҳа ба масофаи 5 километр, ки бо ташаббуси оилаи Аҳмадзодаҳо пурра асфалтпӯш гардид, мавриди истифода қарор дода шуд.

Иброз гардид, ки амалӣ гардидани ин иқдоми созанда барои беҳтар намудани шароити рафтуомади сокинон, ҳаракати озоди воситаҳои нақлиёт ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ободонӣ ва беҳтар намудани роҳҳои маҳаллӣ яке аз самтҳои муҳими рушди инфрасохтори деҳот ба ҳисоб рафта, саҳми бевоситаи сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ дар татбиқи чунин иқдомҳои созанда нишонаи баланди масъулияти шаҳрвандӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ободии маҳал мебошад.

Инчунин дар шаҳраки Ғарм коргоҳи нави қаннодӣ ба истифода дода шуд. Коргоҳ бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, фароҳам овардани ҷойи нави кор ва таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти хушсифати қаннодӣ бунёд карда шудааст. Он дар самти рушди соҳибкорӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии ноҳия иқдоми муҳим ба ҳисоб меравад. Ба истифода додани чунин иншооти истеҳсолӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бозгӯйи таваҷҷуҳ ба рушди соҳибкорӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорон дар ноҳияи Рашт мебошад.

Ҳамзамон дар назди Маркази саломатии ноҳия, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ғарм бунгоҳи нави тиббӣ ба истифода дода шуд. Бунгоҳи нави тиббӣ бо шароити муосир бунёд карда шуда, ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ равона гардидааст. Таъкид шуд, ки ба фаъолият оғоз намудани бунгоҳи нави тиббӣ бозгӯйи таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои аҳолӣ мебошад.

Ҳамчунин бинои нави Литсеи касбии техникии ноҳияи Рашт мавриди истифода қарор гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави таълимӣ аз 2 ошёна ва 17 синфхона иборат буда, дорои 356 ҷойи нишаст мебошад. Муассиса барои омода намудани кадрҳои соҳибкасб дар самтҳои гуногуни барои бозори меҳнат зарурӣ фаъолият намуда, дар он 225 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 40 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Дар Литсеи касбии техникӣ 35  омӯзгор, аз ҷумла 8 зан ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд.

Дар муассиса аз рӯйи якчанд ихтисоси барои рушди иқтисоди маҳаллӣ ва таъмини бозори меҳнат бо мутахассисони соҳибкасб зарурӣ, аз ҷумла кафшергарӣ, системаи компютерӣ, тракторчӣ-мошинист, дӯзандагӣ, чӯбтарош-бинокор, барқчӣ, муҳосибӣ ва ронандагӣ ба хонандагон таълим дода шуда, ҳамзамон даврҳои кӯтоҳмуддати касбӣ низ ба роҳ монда шудаанд.

Бино бо ташаббус ва дастгирии Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии ҷавонони ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад. Ба истифода додани чунин муассисаи муосири таълимӣ қадами устувор дар самти рушди соҳаи маорифу касбомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати касбии ҷавонон ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ба ҳисоб меравад.

Ин иқдоми созанда дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба рушди минбаъдаи соҳаи таҳсилоти касбӣ дар ноҳияи Рашт мусоидат мекунад.

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Рашт — шаҳраки Ғарм ҳайкали шоири маъруф ва чеҳраи шинохтаи адабиёти муосири тоҷик Меҳмон Бахтӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ҳайкали Меҳмон Бахтӣ чун нишони эҳтиром ба аҳли илму адаб ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои фарҳангию адабии мамлакат гузошта шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Сентябрь 11, 2026 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд