Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд

Сентябрь 9, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби кормандони Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров- профессорон Умеда Ғаффорӣ ва Нуралӣ Нурзод таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» нашр гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад.

Китоб аз панҷ бахш иборат буда, мақолаҳои пажӯҳишии он дар заминаи татбиқи муваффақонаи сиёсати маънавибунёди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, расидан ба Истиқлоли сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат бар пояи арзишҳои маънавӣ, шеваҳои ташаккули худшиносии миллӣ дар Тоҷикистон, тарғиби маърифати адабиёт ва арзишҳои миллӣ, бузургдошти чеҳраҳои мондагори миллӣ ва интишори мероси маънавии онҳо ба қалам омадаанд.

Таҳқиқоти илмии анҷомдодаи олимони донишгоҳ, ки аз корномаҳои муҳими Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи расидан ба истиқлоли маънавӣ сарчашма мегиранд, туҳфаи арзандае ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ буда, барои наслҳои имрӯзу оянда чун сарчашмаи худшиносиву худогоҳии миллӣ хизмат менамоянд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Сентябрь 9, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд