Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Сентябрь 11, 2026 15:25

ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies-и Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд, ки барои рушди ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва байналмилалӣ, табодули таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак заминаи нав фароҳам меорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ин санад дар мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо роҳбари Маркази таҳқиқоти кишварҳои ИДМ-и MERI Рамакант Двиведи ба имзо расонида шуд. Ҳамзамон дар мулоқот дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо MERI Centre for International Studies-и Ҳиндустон баррасӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамзамон таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои илму таҳқиқот, табодули академӣ, тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ, рушди стартапҳо, технологияҳои рақамӣ, сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, инчунин баргузории чорабиниҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Инчунин имконоти густариши ҳамкорӣ бо дастгирии India–Central Asia Foundation ва таҳкими робитаҳои илмӣ ва академии Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Меҳмонон инчунин бо дастовардҳо, имконияти таълимию илмӣ, инфрасохтори муосир, раванди рақамикунонӣ ва фаъолияти инноватсионии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд.

Боздиди меҳмонон аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ арзёбӣ гардида, барои ташкили лоиҳаҳои муштарак, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва тавсеаи ҳамкории дарозмуддат имконияти нав фароҳам меорад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Сентябрь 11, 2026 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид