Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид

Сентябрь 16, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Сеул аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ байни Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея ба имзо расид.

Тавре аз Агентии хоҷагии ҷангал хабар доданд, мақсади Ёддошти тафоҳум мусоидат намудан ва таҳкими ҳамкорӣ байни иштирокчиён дар соҳаи барқарорсозии ҷангал, ҳифзи гуногунии биологӣ ва идоракунии офатҳои ҷангал бо мақсади муқовимат ба буҳрони иқлимӣ тибқи қонунгузории давлатҳо мебошад.

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ бо эътирофи нақши муҳим доштани ҷангалҳо дар коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он, инчунин бо назардошти зарурати фаврии ҳамкории муштарак барои муқовимат ба пайомадҳои ҷиддии аз байн рафтани ҷангалҳо ва таназзули замин дар сатҳи ҷаҳонӣ ба имзо расид.

Инчунин мақсад аз имзои Ёддошти  ҳамкорӣ ба даст овардани имконияти васеи ҳамкорӣ дар самти таъсиси низомҳои пешрафтаи идоракунии иттилооти ҷангал, аз ҷумла низомҳои моҳвораии мониторинги ҷангал бо истифода аз технологияҳои фосилавӣ (моҳвораҳои кишоварзӣ ва ҷангал), дар самтҳои муҳовимат ба тағйирёбии иқлим, барқарорсозии ҷангал, ҳифзи гуногунии биологӣ ва идоракунии офатҳои ҷангал мебошад.
Дар доираи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ тавассути арзёбии гуногунии биологӣ, таъсиси базаи додаҳои захираҳои генетикӣ ва нигоҳдории тухмиҳо, пешгирӣ ва идоракунии офатҳои ҷангал, аз қабили сӯхторҳои ҷангал, ярчҳо, ҳашароти зараррасони ҷангал ва бемориҳо, инчунин барқарорсозии минтақаҳои зарардида муайян карда мешаванд.

Инчунин таъсиси низомҳои идоракунии иттилооти ҷангал бо истифода аз фосиласанҷӣ (аз ҷумла моҳвораҳои кишоварзӣ ва ҷангал) ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, истифода ва идоракунии захираҳои ҷангал, аз ҷумла истифодаи бисёрмақсадноки ҷангалҳо, татбиқи ташаббусҳо оид ба баланд бардоштани иқтидор, табодули коршиносон ва пешбурди таҳқиқоти муштарак дар самти барқарорсозии ҷангал ва иқдомҳои иқлимӣ ва ҳама гуна дигар самтҳои ҳамкорӣ дар доираи салоҳияти дахлдори тарафҳо, ки метавонанд аз ҷониби иштирокчиён муштаракан муайян карда шаванд.

Дар доираи ин Ёддошт ҷонибҳо таҳия ва татбиқи чорабиниҳои муштарак,  мубодилаи иттилооти илмӣ ва техникӣ, маълумот ва маводи растании ҷангал (аз ҷумла тухмиҳо), ташкили барномаҳои муштараки омӯзишӣ, семинарҳо, вохӯриҳо ва конференсияҳо дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон омода ва нашр намудани интишороти муштараки илмӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал тавассути ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва Созмони ҳамкорӣ дар соҳаи ҷангали Осиё, гузаронидани таҳқиқоти саҳроии муштарак ва мубодилаи коршиносон ва кормандон ва ҳама гуна дигар шаклҳои ҳамкорӣ, ки метавонанд аз ҷониби иштирокчиён муштаракан муайян карда шаванд, дар назар дошта шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»

Сентябрь 16, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифати доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид