Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030 қабул шуд

Сентябрь 3, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи дуюми доимии Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) баргузор гардид, ки дар он «Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030» қабул гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Барномаи нав заминаи муҳимро барои идомаи ҳамкории ЮНИСЕФ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳдошт, таҳсил, инчунин таъмини некӯаҳволии кӯдакону ҷавонон фароҳам меорад.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат барои ҳамкории пайваста ва дастгирии ЮНИСЕФ аз талошҳои миллӣ ба хотири беҳтар намудани сатҳи зиндагии кӯдакон изҳори сипос намуд.

Барномаи мазкур бо «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» ва самтҳои афзалиятноки соҳавии кишвар мутобиқ буда, ба масъалаҳои саломатии модару кӯдак, ғизо, инкишофи барвақтии кӯдакон, таҳсилоти фарогир ва босифат, рушди малакаҳои ҷавонон, ҳифзи иҷтимоии кӯдак, фарогирии шахсони маъюб, инчунин дастгирии кӯдакони деҳот, минтақаҳои кӯҳистон ва дурдаст таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

«Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030» ба талошҳои мамлакат барои таъмини дастрасии ҳар кӯдак ба хизматрасониҳои асосӣ, ҳифз ва имконияти зарурӣ барои рушди ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Барнома ба таҳкими иқтидори миллӣ ва низомҳои мавҷуда, густариши фарогирӣ ва устуворӣ ва бартараф намудани нобаробариҳое, ки ба кӯдакону ҷавонон таъсир мерасонанд, замина фароҳам меорад.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Сентябрь 3, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд