Дар Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Сентябрь 19, 2026 09:21

ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 26 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ -CARC 2026 баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ (CARC 2026) намояндагони мақомоти давлатӣ, идораҳои роҳдорӣ, ширкатҳои роҳсозию консалтингӣ, инчунин олимони соҳаи роҳдорӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон иштирок менамоянд.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд масъалаҳои муҳим оид ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи роҳдорӣ ва логистикӣ, мубодилаи таҷриба, истифодаи васеи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ ва дигар масоили марбут ба роҳдорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардида, самтҳои ояндаи рушди инфрасохтори устувори роҳҳо муайян карда хоҳанд шуд.

Интизор меравад, ки иштирокдорони Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ -CARC 2026 аз якчанд иншооти муҳими стратегӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди «Обигарм-Нуробод», Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва «Кохи Наврӯз» боздид намоянд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ»Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 19, 2026 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд