Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии пахта идома дорад
ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пахтакорони Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон тибқи нақша соли равон 3 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд. То имрӯз 650 тонна пахта ба корхонаҳои коркарди ноҳия супорида шудааст.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Ҷамоати деҳоти Айнӣ Мансур Насруллоев иброз дошт, дар ҳудуди ҷамоат 1700 гектар замини корами обӣ мавҷуд буда, 243 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Кишоварзон замини дарихтиёрдоштаашонро самаранок истифода бурда, вобаста ба иқлими ноҳия ба парвариши зироати гуногуни кишоварзӣ машғул мебошанд.
Дар ноҳияи Хуросон хоҷагии деҳқонии «Бобои Хидир» фаъолият мекунад. Аз 40 гектар замини хоҷагӣ дар 33 гектари пунбадона ба тариқи плёнка ва анъанавӣ кишт карда шудааст. Ҳоло дар қитъаҳои хоҷагӣ ҷамъоварии пахта идома дорад. Кишоварзони ин хоҷагӣ дар кишти такрорӣ инчунин картошка, сабзӣ, пиёз ва шалғам парвариш намудаанд.
Роҳбари хоҷагӣ Бобошер Хидиров иброз намуд, ки «чанд сол мешавад дар баробари парвариши пахта ва дигар навъҳои зироат мо дар гармхонаи муосир қулфинай парвариш мекунем ва аз он фоидаи зиёд ба даст меорем. Дар хоҷагии мо чор гармхонаи барҳаво бо технологияи муосир таъмин карда шуда, имконияти беҳтари парвариши қулфинайро доранд. Аз ҳосили бадастоварда на танҳо бозори истеъмолии ноҳия, балки шаҳри Душанбе низ таъмин карда мешавад. Азбаски хоҷагии мо дар сари роҳи калон ҷойгир аст, соҳибкорон маҳсулоти истеҳсолнамудаамонро сари вақт омада мебаранд ва маҳсулоти тару тозаро пешниҳоди харидорон мегардонанд».
АКС: АМИТ «Ховар»








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






