Дар ноҳияи Ёвон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ ва роҳпаймоии идона баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти вилояти Хатлон ва ноҳия, собиқадорони меҳнат, намояндагони сохторҳои давлатӣ, фаъолони ҷомеа ва дигар меҳмонон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик ва заминаи устувори рушди давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи Роҳбарияти олии мамлакат барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободонии шаҳру ноҳияҳо корҳои бузурги созандагӣ амалӣ гардиданд.
Изҳор карда шуд, ки ноҳияи Ёвон низ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба марҳилаи нави рушду пешрафт ворид гардида, бо татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, бунёду навсозии иншооти муҳим, беҳтар гардидани инфрасохтори маҳаллӣ ва густариши корҳои ободонию созандагӣ симои ноҳия ба таври назаррас тағйир ёфтааст.
Тазаккур дода шуд, ки ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ, нигоҳдории сулҳу субот ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Ҳамзамон иштирокдорон аз нақши арзандаи собиқадорони меҳнат дар пешрафти ҷомеа ёдовар шуда, таҷрибаи ҳаётӣ ва саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ноҳияро барои насли ҷавон мактаби муҳими ибрат ва ватандӯстӣ арзёбӣ намуданд.
Гуфта шуд, киИ давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имкони таърихии бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаву дурнамои давлатиро фароҳам овардааст. Имрӯз вазифаи асосӣ истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамомада, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, ободии Ватан ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Ҳамчунин ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар роҳпаймоӣ намояндагон ва кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия, аз ҷумла кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон, кормандони муассисаҳои таълимӣ ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ иштирок намуданд.
Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо парчамҳои давлатӣ ва шиору овезаҳои идона қадам зада, муҳаббату садоқати худро ба Ватан, Истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои миллӣ ифода намуданд.
Роҳпаймоии тантанавӣ дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, таҷассумгари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, худшиносии миллӣ ва ифтихори шаҳрвандон аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон


















Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






