Дар шаҳри Уфа 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Русия чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Бошқирдистон ва Федератсияи Русия, роҳбарони муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, ҷамъиятӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, роҳбарон ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷик дар минтақаҳои Ҳавзаи федералии Приволжия, инчунин ҳамватанон иштирок намуданд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Фаридун Файзуллозода аҳамияти таърихии Истиқлоли давлатиро барои миллати тоҷик таъкид кард.
Гуфта шуд, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол, рушди пайвастаи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, саҳми он дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ ва минтақавӣ, инчунин аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим мебошад.
Ба нақши барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу субот, расидан ба ваҳдати миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва таъмини рушди устувори кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Барномаи фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони тоҷик, ки ба меҳмонон намунаҳои мусиқии ғанӣ ва фарҳанги асили тоҷикро пешкаш намуданд, ҳусни хоса бахшид.
Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин намоишгоҳи фарҳанг ва мероси миллии тоҷикон баргузор гардид, ки дар он меҳмонон бо либосҳои анъанавии миллӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, унсурҳои фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои мардуми тоҷик шинос шуданд.
АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа


















Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд






