Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид

Сентябрь 10, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо сардабири Маркази хабариву мутолиотии «Ovo diplomatic»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ба забонҳои англисию форсӣ ба нашр расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, дар мусоҳиба Сафир ба суолҳои сардабири Маркази мазкур Муҳаммадризо Назарӣ оид ба муҳимтарин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ посух дода, нақши сарнавиштсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар таъмини сулҳу ваҳдат ва суботи комил дар мамлакат, рафъи пайомадҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, раванди муваффақи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва ворид шудани Тоҷикистон ба марҳилаи рушди устуворро дар заминаи омор ва далелҳои мушаххас таъкид намуд.

Дар посух ба саволҳои рӯзноманигор оид ба тақдими «Шоҳнома» ба ҳар хонаводаи тоҷик, ташкили озмуни «Шоҳномахонӣ» ва дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тақвияти хати ниёкон таъкид гардид, ки ин ва дигар ибтикороти фарҳангӣ ҷузъе аз барномаи бузурги эҳёи фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар замони истиқлол аст, ки тарроҳ ва ҳидоятгари татбиқи он Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.

Муҳимтарин рукни ин барнома таҳкими пояҳои маънавии давлатдории муосири тоҷикон аз тариқи бозҷӯии ҳувияти миллӣ ва тақвияти худогоҳии таърихии миллати тоҷик маҳсуб мешавад.

Бахше аз мусоҳиба ба дастовардҳои сиёсати хориҷии Пешвои миллат дар сеюним даҳаи Истиқлоли Тоҷикистон бахшида шуда, оид ба ин ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти глобалии ҷаҳони имрӯз, бахусус дар соҳаи обу иқлим ва муҳити зист, муқовимат бо таҳдидҳои замони муосир, пешбурди фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамбастагии байни наслҳо ва ҷалби ҷавонон ба таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Дар ин замина таъкид гардидааст, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ва истиқболи густурдаи онҳо аз ҷониби аъзои Созмони Милали Муттаҳид боис гардиданд, ки Тоҷикистон чун давлати фаъол дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои бани башар ва соҳиби мақому манзалати шоиста дар анҷумани давлатҳои мутамаддини ҷаҳони имрӯз шинохта шавад.

Дар бахши ахири мусоҳиба масъалаҳои рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифта, Сафир дар посух ба суолҳои матраҳшуда сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба, густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳангро шарҳу тавзеҳ дод. Дар ин замина  нақши муҳимми пайвандҳои таърихию фарҳангӣ ва муштаракоти забонию тамаддунии ду миллат ба унвони омилҳои таҳкимбахши муносибатҳои Тоҷикистону Эрон таъкид гардид.

Шакли пурраи мусоҳиба: https://avadiplomatic.com/h-e-nizomiddin-zohidi-ava-diplomatic/,  https://avadiplomatic.com/en/archive/17308

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Сентябрь 10, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид