Доир ба саҳми барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир конференсия баргузор шуд

Сентябрь 4, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлол ва неруи зеҳнии миллат: саҳми барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди илм, маориф ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози давлат дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.

Изҳор шуд, ки Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ яке аз тадбирҳои муҳими дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ба ҳисоб рафта, барои ҳавасманд намудани олимон ва муҳаққиқони ҷавон ба фаъолияти илмӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳадаф аз таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионӣ мебошад.

Иштирокчиёни ҳамоиш доир ба дастовардҳои ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ, рушди неруи зеҳнии миллат, нақши илм ва инноватсия дар пешрафти кишвар ва саҳми барандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир маъруза намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид