Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад

Сентябрь 17, 2026 18:20

ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19-20 сентябри соли 2026 шаҳри Душанбе бори дуюм пайиҳам мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мешавад. Дар Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо беҳтарин самбочиёни ҷаҳон дар се самт — самбои варзишӣ, самбои размӣ ва самбо барои нобиноён (SVI1) барои медалҳо мубориза мебаранд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».

Бояд гуфт, ки соли 2025 низ Душанбе мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо буд. Мусобиқа дар пойтахти Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор шуда, дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид. Варзишгарон дар 14 вазн байни мардону занон дар самбои варзишӣ ва самбои размӣ рақобат карданд. Дар Ҷоми ҷаҳон оид ба самбои соли 2025 самбочиён аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Русия, Беларус, Булғористон ва Маҷористон иштирок карданд.

Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо яке аз мусобиқаҳои муҳими тақвими байналмилалии ин риштаи варзиш ба ҳисоб меравад. Соли 2025 варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаи бонуфуз соҳиби 9 медал гардиданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 17, 2026 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд