Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»

Сентябрь 5, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 16 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи даҳҳо лоиҳаи дигар идома дорад. Чунин баён намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 сентябр дар шаҳри Бохтар зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ зиёда аз 50 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар нимсолаи якуми соли 2026 дар вилоят 48 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун амалӣ шуда истодааст. Аз оғози татбиқи ин лоиҳаҳо дар доираи онҳо 1,2 миллиард доллари амрикоӣ маблағ азхуд гардидааст.

Ҳамчунин то 1 июни соли 2026 дар вилоят 30 ҳазору 866 ҷойи нави кор таъсис дода шудааст. Аз ин шумора 27 ҳазору 896 ҷой аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва 2970 ҷой аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ташкил гардидааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 5, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд