Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор кӯдакон ба синфи якум рафтанд

Сентябрь 1, 2026 09:52

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор кӯдакон ба синфи якум рафтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Имсол дар Тоҷикистон кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2019 таваллуд шудаанд, ба синфи якум рафтанд. Агар кӯдак то 31 декабри соли 2019 таваллуд шуда бошад, ӯ метавонад ба синфи якум қабул гардад. Дар ҳолати 1 январи соли 2020 ё баъд аз он таваллуд шудан қабул ба синфи якум танҳо дар соли таҳсили оянда имконпазир хоҳад буд.

Равоншиносон ба падару модар ва омӯзгорон тавсия медиҳанд, ки ба омода намудани кӯдак ба синфи якум ва ҳавасманд сохтани ӯ диққат диҳанд. Зеро вақте кӯдак аввалин маротиба ба мактаб меояд, мушкилоти асосӣ муҳити нав мебошад. Кӯдак пештар фақат бо оилаи худ дар муошират буд, ҳоло ӯ бояд бо одамони зиёд муносибат намояд. Дар ин вақт кори асосии омӯзгор ӯро бо муҳити нав шинос намудан аст. Ба кӯдак дар баробари савод бояд тарзи дар ҷамъият сухан гуфтан, одоби нишасту хез, баробарӣ, масъулиятшиносӣ, муносибати дӯстона бо ҳамсабақон ва тавоноиву таҳаммулпазириро омӯзонид.

Ба андешаи равоншиносон, алоқамандӣ байни оила ва мактаб дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Мушкилии дигар- ин риояи реҷаи рӯз аст, ки кӯдак ба муҳити нав- муҳити омӯзиш дохил мешавад. Мушкилии дигар фаъолияту супоришҳо мебошанд, зеро қаблан дар хона фаъолияти асосии онҳо бозӣ буд, ҳоло кӯдак бояд машғулияту супоришҳоро иҷро намояд ва дар вақти пурсидан онҳоро ба ёд оварда, ҷавоб диҳад.

Падару модар бояд фарзандонро ба мактаб тезтар одат диҳанд, ба дарсҳо шавқманд намоянд ва бо онҳо бештар вақт гузаронанд. Ҳар рӯз аз ҷараёни дарси гузаштааш пурсон шаванд, агар чизеро хато навишт ё хато талаффуз намуд, сарзаниш накунанд, баръакси онро иҷро намоянд. Аз давраи мактабхонии худ нақл кунанд, то кӯдак ба дарс майлу рағбат пайдо намояд.

Ёдовар мешавем, ки аз 18 то 29 август дар мамлакат давраи мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи якум гузаронида шуд. Ин давра барои хонандагон раванди мураккаби психологӣ, физиологӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Ба иттилои мутахассисони соҳаи маориф, ин раванд дар аввал бо мақсади мутобиқшавии физиологӣ гузаронида мешавад. Яъне кӯдак бояд ба реҷаи нави рӯз (барвақт хестан, сари вақт хӯрок хӯрдан) одат кунад. Зеро дар оғози таҳсил хонандагони синфи якум тез хаста мешаванд.

Давраи мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи якум мутобиқшавии иҷтимоӣ низ мебошад. Зеро кӯдак бо ҳамсинфони нав шинос мешавад ва дӯстон пайдо мекунад. Дар ин давра ба хонанда услуби таълим ва талаботи омӯзгор омӯзонида мешавад.

10 рӯзи таълимӣ имкон медиҳад, ки кӯдакони 7-сола пеш аз оғози расмии соли таҳсил ба фазои мактабӣ одат кунанд ва бо омӯзгорон, ҳамсинфон ва тартибу қоидаҳои муассиса шинос шаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2026 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд