ИСТИҚЛОЛИЯТ — НЕЪМАТИ БЕБАҲО. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд

Сентябрь 3, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бошукуҳи идона баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба кумита.

Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, заҳматҳои шабонарӯзии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои ободонию созандагӣ ва расидан ба қадри ин неъмати муқаддас ибрози андеша намуданд.

Таъкид шуд, ки истиқлолият неъмати бебаҳост. Барои мардуми Тоҷикистон ба даст овардани истиқлолият яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихӣ буда, оғози марҳилаи нави рушди давлатдорӣ гардид.

Дар ҳамоиш як зумра кормандони кумита ва зерсохторҳои он барои фаъолияти пурсамар ва нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» сарфароз гардонида шуданд.

Дар идома барномаи рангини фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд