Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи забон ва истилоҳот хабар доданд.
Иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ имкон дод забони тоҷикӣ бе маҳдудият дар ҳама соҳаю бахшҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифода қарор гирад.
Бо муҳайё шудани имкону шароити бештар дар мамлакат давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, “Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”, ки 29 ноябри соли 2020 аз тарафи Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, дурнамои рушди забони модариро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидааст.
Забони тоҷикӣ давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин омили ваҳдат ва сарҷамъии миллат гардид ва бори дигар матлаби бинои ҳастӣ ва бақову пойдории миллат будани забонро ба таври шоиста исбот намуд.
Ҳамаи ин муваффақият бо ташаббус, роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд ва ҳар яки моро зарур аст, ки забони давлатиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Дар Тоҷикистон забони миллат ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эътироф шудааст. Аз ин рӯ бояд аз он пуштибонӣ намуд ва барои покизагии он талош варзид. Чунин мавқеъро, пеш аз ҳама, Пешвои миллат содиқонаву пайгирона пеш гирифтаанд.
АКС: Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






