Кормандони «Саноатсодиротбонк» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ба як қатор кормандони Бонк барои фаъолияти содиқона ва саҳми арзанда дар рушди соҳа мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд.
Мукофотҳои давлатӣ дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8 сентябр бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода баргузор гардид, супорида шуданд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки қадрдонии кормандони содиқу масъулиятшинос бозгӯи саҳми онҳо дар рушди соҳа ва фаъолияти самараноки низоми бонкӣ мебошад.
Дар идомаи ҷаласа ба ғолибони озмуни дохилибонкӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — меъмори истиқлоли миллӣ» Сипоснома ва мукофотҳо супорида шуд.
Озмуни мазкур бо мақсади омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон, арҷгузорӣ ба Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ байни кормандони Бонк баргузор гардид.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»













ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд






