Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ (27 сентябр) бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, рӯзноманигорон, блогерон ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма, инчунин ҷалби коршиносони мустақил ба тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии мамлакат озмун эълон намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд, озмун барои густариш бахшидани хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ баргузор мегардад.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ», «Беҳтарин тарабхона», «Беҳтарин меҳмонхона», «Беҳтарин роҳбалад», «Беҳтарин блогер ва пешниҳоди навоварӣ дар асоси зеҳни сунъӣ», «Беҳтарин рӯзноманигори сайёҳӣ» ва «Беҳтарин ролики сайёҳӣ» таҳти унвони «Discover Tajikistan» гузаронида мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ак. Раҷабовҳо, 3 ва ё тавассути телефонҳои (+992 37) 227 87 72, 227 84 90 муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон талабот ва шартҳои иштироки озмунро аз тариқи https://docs.google.com/…/1ZncYePujjW7Ufs…/edit… дастрас кардан мумкин аст. Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 15 октябри соли 2026 муқаррар гардидааст.
Ғолибони озмун бо Диплом ва маблағи пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






