Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро таҳти унвони «Ҷузъиёти баргузории Конфронси СММ оид ба арзёбии фарогири ниҳоии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028» бо иттифоқи оро қабул намуд. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ин васила тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро, ки аз 4 то 6 майи соли 2028 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, расман тасдиқ кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Қабули қатъномаи мазкур марҳилаи муҳимро дар раванди омодагӣ ба баргузории Конфронси оби СММ – 2028 ташкил дода, он ҳамчун иқдоми калидӣ дар ташаккули марҳилаи минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об дар арафаи анҷомёбиии Даҳсолаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Яке аз вижагиҳои қатъномаи қабулшуда қарор дар бораи таъйини санади ниҳоии Конфронси оби СММ – 2028 зери унвони «Чорчӯбаи оби Душанбе» мебошад, ки ба таъмини чаҳорчӯбаи ягона барои идомаи фаъолият оид ба об пас аз анҷоми Даҳсолаи байналмилалӣ равона шудааст.
Бояд таъкид намуд, ки ба тариқи санади мазкур Маҷмаи Умумӣ дар таърихи ҳамоҳангии ҷузъиёти конфронсҳои оби Созмони Милали Муттаҳид бори нахуст ҳам қабули санади ниҳоии байниҳукуматӣ ва ҳам таъйини заминаи таъсиси чаҳорчӯбаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи обро эътироф намуд. Биноан, кишварҳои аъзо тавассути музокироти пешакӣ ҳуҷҷати махсуси байниҳукуматиро ҳамчун санади ниҳоии конфронс бо иттифоқи оро ҳамоҳанг ва таҳия хоҳанд намуд.
Қатънома инчунин аз Раиси Маҷмаи Умумӣ тақозо менамояд, ки ду ҳамраисро аз байни кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид барои роҳбарӣ кардани машваратҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳуҷҷати ниҳоии Чаҳорчӯбаи оби Душанбе таъйин намояд.
Ҳадафи асосии «Чорчӯбаи оби Душанбе», ки ахиран аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, дастгирӣ ва тақвияти минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об тавассути роҳнамоии кишварҳои аъзо ва ҷонибҳои манфиатдор баҳри беҳтар намудани татбиқи амалии чораҳои нақшавӣ, сафарбар кардани шарикӣ ва суръат бахшидан ба пешрафт дар самти расидан ба ҳадафҳои марбут ба об мебошад.
Дар ин санад инчунин қарор оид ба доир намудани ҷаласаи сатҳи баланд бо мақсади омодагии муассир ба Конфронси мазкур дар соли 2027 дар қароргоҳи СММ- шаҳри Ню Йорк қабул карда шудааст.
Дар ин замина Конфронси оби СММ – 2028 дар Душанбе метавонад на танҳо марҳилаи ҷамъбастии Даҳсолаи байналмилалӣ, балки масири наве ба сӯи ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об бошад. Ин ҳамоиши муҳим бо такя ба таҷриба ва сабақҳои Даҳсолаи байналмилалии об метавонад ба ташаккули заминаи муштарак барои идомаи амалҳо дар соҳаи об мусоидат намуда, ба чолишҳои кунунӣ ва ояндаи соҳаи об посухгӯ бошад.
Қатъномаи Маҷмаи Умумӣ инчунин қарор мекунад, ки мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии конфронс зери унвонҳои (а) Об барои мардум; (б) Об барои шукуфоӣ; (в) Об барои сайёра; (г) Об барои ҳамкорӣ; (д) Об дар равандҳои бисёрҷониба ва (е) Сармоягузорӣ ба соҳаи об тасдиқ шуда, ҳар муколамаи интерактивӣ аз ҷониби ду ҳамраис, ки қаблан аз тарафи кишвари мизбони конфронс таъйин мешаванд, роҳбарӣ карда шавад.
Бешубҳа, қабули қатъномаи мазкури Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бори дигар гувоҳи эътирофи аҳаммияти ҷаҳонии ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, алалхусус «Чорчӯби оби Душанбе» аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид






