НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид

Сентябрь 10, 2026 10:59

ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳамагон маълум аст, ки мактаби давлатдории тоҷикон таърихи ниҳоят тӯлонӣ дорад ва тоҷикон ҳамчун халқи соҳибтаъриху соҳибфарҳанг ва соҳибдавлати минтақа ойину суннатҳои зиёди давлатдориро соҳиб мебошанд ва онҳо имрӯз ҳамчун сарчашмаи аслии омӯзиши илмҳои ҷомеашиносии дунё қарор гирифтаанд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «таърихи ҳазорсолаҳои дуру наздик гувоҳ аст, ки ойини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳёро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқирози чашмрас эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон фарҳанги давлатдории тоҷикон номид».

— Дар илми таърихшиносӣ таъкид мегардад, ки таърих на танҳо солномаи ҳаводис аст, инчунин инъикоси табиати инсон, робитаи мутақобили шахсият ва ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, нақши шахсияти алоҳида ҳамчун омили дигаркунандаи равиши таърихӣ ҳамеша ҳамчун яке аз мавзуъҳои меҳварӣ дар илми таърихшиносӣ ва имрӯз фалсафаи таърих қарор дорад. Муаррихон ба хулоса омадаанд, ки шахсият воқеан дар раванди рушди таърихӣ мақоми калидиро соҳиб мебошад. Дар бисёр ҳолатҳо қарор ва амали як шахсият, сифатҳои шахсӣ ва андешаҳои ормонии ӯ боиси барангезиши таҳаввулоти ҷиддӣ дар таърихи миллату давлатҳои алоҳида ва ҳатто умумибашарӣ мегарданд.

Чунин шахсиятҳо дар таърихи ҷаҳонӣ дар фарҳанги давлатдории тоҷикон низ чеҳраҳои барҷастаи сиёсию давлатӣ, ки соҳибмактаб буданду дар сарнавишти халқи тоҷик нақши боризу созанда гузоштаанд, кам нестанд. Махсусан, дар таърихи дарозои мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон шахсиятҳо ва чеҳраҳои зиёди мондагоре ҳастанд, ки бо таъкиди Пешвои миллат,  «ҳар кадом дар замони худ бо хирад, заковат, дониш ва фазилат ба дараҷае шуҳрат пайдо карда буданд, ки самараи умру хидмати беназир, мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳама давру замон боиси ситоиш ва қадрдонӣ мебошад». Мо метавонем як зумраи онҳо, бавижа Куруши Кабир, Спитамен, Зардушт, Монӣ, Маздак, Исмоили Сомонӣ, шумораи зиёди мутафаккирону адибони тоҷик, бахусус Рӯдакию Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуровро номбар намоем. Ҳар яке бо кору корнамоӣ, шуҷоату далерӣ, фазлу дониш, бузургию тавонмандӣ, ҷонсупорию истиқлолхоҳӣ, талошу мубориза дар саҳфаи таърихи тӯлонии мо ҷойи ифтихориро ишғол менамоянд.

Аммо, ба назари мо, вобаста ба нақши мондагор дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, хатару таҳдидҳои миёншикану қисматсӯз мақоми се давлатсолору давлатдори тамаддуни давлатдории тоҷикӣ-форсӣ ё ориёӣ аз замонҳои қадим то имрӯз – Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус ва аҳаммияти барҷастаи омӯзиширо соҳиб мебошад. Ҳар се ин чеҳра дар саргаҳи истиқлоли сиёсию давлатӣ, баҳамҷамъоии мардуми ориёӣ, ягонагию ваҳдат, оғози марҳалаи бузурги рушду созандагии мардуми ориёӣ истода, ба рағми ҳама ситезандагони ин ақвоми таърихсозу тамаддунсоз марҳалаҳои нав ба нави таърихро паси сар кардаанд ва аз арсаи таърих берун нарафтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ду мактаби аввали давлатдории аҷдодӣ менависанд: «Куруш дар ҳайати империяи худ қариб 70 қавму миллатҳои гуногунро муттаҳид карда, ба ҳамаи онҳо расман озодӣ ва баробарҳуқуқӣ ато намуд. Башарият метавонад имрӯз ҳам аз таҷрибаи инсондустӣ ва адолатпарварии ин шахсияти беназир истифода барад. Таҷрибаи давлатдории Куруши Кабир ибратомӯз аст, мо бояд онро ҳамаҷониба омӯзем, зеро сохтори давлатии Ҳахоманишиён яке аз муҳимтарин тарзи ҳукуматҳои императории аҳди бостон ба шумор меравад».

Ё дар васфи Исмоили Сомонӣ мефармоянд: «Бунёдгузори ҳақиқии давлати Сомониён Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ- абармарди хирад ва сиёсат буд» ва идома медиҳанд: «Хизмати бузурги таърихии Исмоили Сомонӣ ва ниёгони ӯ дар он буд, ки низоми ниҳоят муназзам, муассир ва фаъоли идораи марказӣ ва маҳаллиро бунёд гузоштанд. Ин низом унсурҳо ва арзишҳои муҳимтарини давлатдории ориёиро эҳё намуда, онҳоро бо арзишҳои тамаддуни гузаштаву мавҷудаи давр омезиш дод. Дар натиҷа, ин низом таҷассумгари арзишҳои беҳтарини давлатдорӣ ва ба эътирофи аксари донишмандон, мутамаддинтарин давлати замони худ гардид».

Бояд гуфт, ки ин сифатҳо ва корномаҳо ба фаъолияти Президенти ҷумҳурӣ низ рабт доранд ва мактаби давлатдории Пешвои миллат маҳз аз ҳамин ду мактаби бузурги аҷдодӣ маншаъ мегирад. Инро сиёсатмадорони шинохтаи дунё ва роҳбарони эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ, донишмандону коршиносон борҳо эътирофу иброз намудаанд. Таҷрибаи давлатдорӣ, меҳанпарастӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, наҷоти миллат ва сулҳу ваҳдатофарии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кайҳо ба адабиёти таълимии давлатдории ҷаҳонӣ ворид гардидааст. Ойини сарварии мактаби давлатдории Пешвои миллат аз афкору андешаи миллӣ, суннату анъанаҳои давлатдории ниёгонамон, афкору андешаҳои мутафакирони халқи тоҷик сарчашма мегирад ва ба он такя менамояд.

Имрӯз Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари дунёи мутамаддин ба сифати чеҳраи баргузидаи сиёсӣ аз ҷониби қонунҳои байналмилалӣ ва сарварони давлатҳои хурду бузург бо ихлосу иродат эътироф гардида, мавқеъ ва равишҳои усулии сиёсати Пешвои миллати тоҷикон пазироӣ ва мақоми арҷманде ба даст овардааст.

Воқеан, 16 ноябри соли 1992 дар гармҷӯши рамзҳои манҳуси ояндакуш, дар сарҳади ҳаёту мамоти миллати тоҷик  интихоби вакилони халқ аз номи мардум интихоби саҳеҳ, интихоби мувофиқ ба армонҳои ҷомеаи тоҷикон, интихоб ва фиристодаи таърих ва тамаддуни шашҳазорсола буд.

Ба қавли Ҳаким Фирдавсӣ, «Фиристода бояд ки доно бувад, ба гуфтан далеру тавоно бувад». Ва ҳамин тавр ҳам шуд, фиристода дар мураккабтарин ва сангинтарин лаҳзаҳо омад ва бо сарварии ӯ сахтарин садду ҳоилҳо барандохта шуд, бо хайрхоҳону нохайрхоҳон ба музокирот нишаст, ба размандагону ниқорҷӯён дасти сулҳу салоҳ дод, рафтагонро дубора бозгардонд ва парокандагонро дигарбора пайванд намуд. Ин рисолати таърихиро Пешвои миллат ҳамчун фиристода ва интихобнамудаи халқ бо сари баланду ҳиммати мардона то имрӯз бар дӯш доранд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин тоҷике дар таърихи навини миллат мебошад, ки дар маснади роҳбарӣ аз таъриху фарҳанги миллат ганҷҳо ва ҳикматҳое берун оварданд, ки бо моҳият ва арзишмандияшон худшиносии тоҷиконро вусъати тоза дода, дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳалаи комилан тозаро ба миён оварданд. Ҳамзамон паёмҳои миллии моро дар паҳнои ҷаҳон интишор доданд ва ба рағми тоҷикситезиҳо ва кӯтоҳбиниҳо бо хираду ҷасорати камназир Тоҷикистонро бо он ҳама сармояҳои бузурги таърихию фарҳангиаш ва тавонмандиҳои кунуниаш дар бунёди давлати миллӣ дар анҷумани давлатҳои ҷаҳон аз мақоми арҷманде бархурдор намуданд. Истилоҳоте, аз қабили «истиқлолияти давлатӣ», «истиқлоли сиёсӣ», «истиқлолияти иқтисодӣ», «истиқлолияти фарҳангӣ», «истиқлолияти энергетикӣ» ва чандин истиқлолиятҳои дигар, ки мо имрӯз истифода менамоем, дар зиндагии мардуми мо роҳ ёфт ва нуфуз пайдо кард.

Муҳтавои асосии фарҳанги давлатдории Пешвои миллатро «фарҳанги сулҳ», «фарҳанги ваҳдат», «фарҳанги ягонагӣ», «фарҳанги созандагӣ», «фарҳанги ободгарӣ» ва чандин фарҳангҳои дигар, ба мисли худшиносӣ, ҷаҳоншиносӣ, худогаҳӣ, ифтихори миллӣ, тоҷик будан, хирадгаройӣ, адолатпарварӣ, мардумсолорӣ, арҷгузорӣ, таҳаммулпазирӣ, ҷасорату мардонагӣ, ифтихормандӣ, забондонӣ, ҳамқадами ҷаҳони муосир будан, ҷаҳонбинии илмию тафаккури техникӣ ва амсоли инҳо ташкил медиҳанд.

Дар муддати 35 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳнамоии Президенти мамлакат халқи тоҷик роҳи садсолаҳоро тавонист дар даҳсолаҳо тай намуда, дар қаламрави таърих фурсатро ба саҳнаи корзорҳо табдил диҳад. Пешвои миллат доир ба ин роҳи 35-солаи тайнамуда таъбире доранд: «ин марҳалаи аз нигоҳи таърих хеле кӯтоҳ, вале пур аз ҳаводису рӯйдодҳои муҳими тақдирсози халқи мо мебошад». Дар баробари ин, дар низоми фарҳанги давлатдории Пешвои миллат баробари масоили дохиликишварӣ масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ғунҷоиш ёфтаанд, ки дар роҳи ҳалли онҳо ҷумҳурии тозаистиқлоли мо бо Сарвараш фаъолона иштирок намуда, барномаву тадбирҳои судманд манзур менамояд.

Насрулло УБАЙДУЛЛО,
доктори илмҳои таърих, профессор  

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 10, 2026 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар Ҳисор маркази забономӯзӣ, муассисаҳои таълимӣ ва нуқтаҳои тиббию дандонпизишкӣ ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Федератсияи Русия барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Соли 2026 дар вилояти Хатлон беш аз 200 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»