Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид

Сентябрь 11, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябр дар Қасри Ал-Ҳусни шаҳри Салолаи Салтанати Умон маросими супоридани эътимодномаи нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқими Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода ба Султони Умон, Аълоҳазрат Ҳайсам ибни Ториқ Оли Саид баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд.

Зимни маросими супоридани эътимоднома Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Султони Умон дуруду паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Салтанати Умон арҷи хосса мегузорад ва ҷонибдори густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф мебошад.

Дар ин замина, иброз гардид, ки Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Салтанати Умон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, омода аст ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн боз ҳам густариш диҳад.

Сафир омодагии Тоҷикистонро барои таҳкими робитаҳои дуҷониба ва ба роҳ мондани самтҳои нави ҳамкории мутақобилан судманд иброз дошта, нақши дипломатияи фаъолро дар таҳкими муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Умон муҳим арзёбӣ намуд.

Дар поёни мулоқот Султони Умон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруду таманниёти неки худро расонида, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимии хешро иброз кард.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон

Сентябрь 11, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд