Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд

Сентябрь 12, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 10 сентябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ аз Тоҷикистон намояндагони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»–и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти бюроҳои миллии марказии «Интерпол» ва густариши мубодилаи иттилооти оперативӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардиданд.

Иштирокчиён инчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории киберӣ, терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва дигар намудҳои ҷинояткории фаромиллиро муҳокима намуданд.

Вохӯрӣ дар таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкории муштарак нақши муҳим гузошт.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сентябрь 12, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд