Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 17 сентябр дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Эҷоди ҳамфикрӣ барои субот ва пешбурди идоракунии амният ба таври муштарак» Форуми байналмилалии 13–уми Сяншани Пекин баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар форум низомиёни Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Саидзода иштирок намуданд.
Дар доираи форуми 13-уми Сяншани Пекин чор ҷаласаи умумӣ доир шуд. Дар ҷаласаҳо масъалаҳо оид ба «Тартиботи байналмилалӣ ва суботи стратегӣ», «Низоъҳои маҳаллӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо», «Хатарҳо ва хавфҳо ба амният ва субот дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» ва «Нақш ва дидгоҳи кишварҳои рӯ ба рушд» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни форум оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ дар соҳаи амният табодули назар намуда, доир ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва роҳҳои мусоидат ба таъмини сулҳу субот ибрози андеша намуданд.
Форуми Сяншани Пекин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ ба шумор рафта, дар доираи он масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, таҳкими ҳамкории давлатҳо ва роҳҳои таъмини суботу амният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






