Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд.
Маркази агрологистикӣ дар ҳудуди минтақаи саноатии шаҳри Хоруғ дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, барои қабул, нигоҳдорӣ, коркард ва омодасозии маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. Иқтидори марказ имкон медиҳад, ки дар як вақт то 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ қабул ва коркард шавад.
Тибқи лоиҳа, дар марказ 3 хатти муосири технологӣ насб гардида, маҳсулоти кишоварзӣ аз марҳилаҳои ҷудокунии навъҳо, тозакунӣ, санҷиши сифат, тамғагузорӣ ва бастабандӣ гузашта, мутобиқ ба талаботи бозори дохилӣ ва стандартҳои байналмилалӣ омода карда мешавад. Дар натиҷа 64 ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис хоҳад ёфт.
Дар Маркази агрологистикӣ меваю сабзавоти дар шароити кӯҳистони Бадахшон истеҳсолшаванда коркард ва бастабандӣ мегарданд.
Яке аз ҳадафҳои асосии бунёди чунин марказ пешгирӣ аз талафёбии маҳсулоти кишоварзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои нигоҳдории дарозмуддати он мебошад. Бо истифода аз имкониятҳои муосири нигоҳдорӣ ва коркард маҳсулоти кишоварзӣ бо сифати баланд ба бозор пешниҳод гардида, барои афзоиши даромади кишоварзон ва тақвияти рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ замина фароҳам меояд.
Зимни муаррифии лоиҳа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон ва мутахассисони соҳаро вазифадор намуданд, ки корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти технологиро бо сифати баланд ба роҳ монда, ҳангоми бунёди иншоот таҷрибаи пешрафтаи технологиро ба таври васеъ истифода баранд.
Ҳамчунин, ба масъулин дастур дода шуд, ки барои нигоҳдорӣ, коркард ва омода намудани маҳсулоти кишоварзӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда, ба сифати маҳсулот ва мутобиқати он ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Дар маҷмӯъ, бунёди Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» амалӣ мегардад. Дар доираи ин лоиҳа таъсиси 5 маркази агрологистикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва ноҳияҳои Данғараю Ҷалолиддини Балхӣ ба нақша гирифта шудааст.
Татбиқи чунин иқдомҳо ба рушди инфрасохтори аграрӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани ҳаҷми коркарду нигоҳдории маҳсулот ва фароҳам овардани имкониятҳои нави содиротӣ мусоидат хоҳад кард.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






