Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд

Сентябрь 12, 2026 10:48

ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи ҷаласаи прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Қозим Моваҳеди Озод вохӯрӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо робитаҳои амиқи таърихӣ-фарҳангӣ ва мероси муштараки забонии ду давлатро муҳим арзёбӣ намуда, рушди устувори ҳамкории байниидоравиро аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ таъкид карданд.

Роҳбарони мақомоти назоратӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкории касбӣ, инчунин таҳияи механизмҳои мустақими иттилоотониро ҳам дар сатҳи роҳбарият ва ҳам байни воҳидҳои фаврию прокуратураҳои минтақавӣ баррасӣ карданд.

Ба тақвияти ҳамкории муштарак барои муқовимат ба таҳдидҳои муосир ва хатарҳои фаромиллӣ, аз ҷумла пешгирии зуҳуроти экстремистӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии фаромиллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Инчунин зимни вохӯрӣ оид ба вазъи мураккаби Ховари Миёна ва дастгирии ташаббусҳои сулҳҷӯёна мавқеи принсипиалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли истисноии сиёсӣ ва дипломатии низоъҳо бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид таъкид карда шуд.

Дар охир ҷонибҳо уҳдадории худро барои густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи ҳуқуқӣ дар чаҳорчӯби шартномаҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ барои таъмини волоияти қонун ва амният дар ҳарду давлат тасдиқ карданд.

 АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 12, 2026 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид