Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид

Сентябрь 12, 2026 10:09

ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Дар фурӯдгоҳи ноҳияи Рашт Сарвари давлатро фаъолон ва роҳбарияти ноҳия бо самимияти баланд гусел намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ дар фурӯдгоҳ аз нақши соҳибкорон дар дастгирии иқдомҳои Ҳукумати кишвар, саҳмгузории онҳо дар корҳои ободонӣ ва таъсиси иншооти истеҳсолию хизматрасонӣ ёдовар шуда, пешрафти тадриҷии иқтисодиёт ва беҳшавии зиндагии мардумро самараи Истиқлоли давлатӣ ва оромии Ватан арзёбӣ карданд.

Намояндагони бахши хусусӣ ва роҳбарияти ноҳия барои истифодаи ҳарчи бештари имкониятҳои мавҷуда бобати рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сифати таълим, омода кардани мутахассисони баландихтисос, афзалият додан ба талаботи муосири шаҳрсозӣ ҳангоми бунёди иншооти нав, дастгирии деҳқонон, афзалият додан ба таҷрибаи муосири парвариши зироату ҷамъоварии ҳосил, истифодаи имкониятҳои фаровони табиӣ ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ вазифадор карданд.

Бояд ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод 69 иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро мавриди истифода қарор дода, бо мардум мулоқоту суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.

Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар барномаи сатҳи баланди фарҳангӣ  ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок доштанд.
Анҷоми сафари корӣ дар ноҳияи Рашт 12.09.2026

Сентябрь 12, 2026 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд