Сафири Тоҷикистон ба Амири Кувайт эътимоднома супорид
ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр дар Қасри Баёни шаҳри Кувайт маросими тақдими эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ ба Волоҳазрат Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Амири Давлати Кувайт баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.
Дар оғози чорабинӣ сафири Тоҷикистон ба Амири Давлати Кувайт дуруду паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, таъкид кард, ки Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба бо Кувайтро муҳим арзёбӣ мекунад ва хостори густариши ҳар чи бештари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо ин кишвар дар ҳамаи арсаҳо мебошад.
Дар ин росто, таъкид гардид, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт, ки 3-5 ноябри 2024 бо муваффақият баргузор шуд, барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар поён Амири Давлати Кувайт ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруду таманниёти худро расонид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт








Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид






