Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд

Сентябрь 16, 2026 16:05

ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар шаҳри Маскат мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Саид Ас-Саидӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Салтанати Умон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умонро дар соҳаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқ, ҳамчунин дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштараки ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкории дуҷониба, густариши табодули таҷриба ва донишҳои касбӣ, инчунин рушди робитаҳои судманд байни ниҳодҳои дахлдори ду мамлакатро таъкид намуданд.

Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории созанда ва мусоидат ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистону Умон ибрози омодагӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Салтанати Умон

Сентябрь 16, 2026 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд