Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода бо Вазири ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Арабии Миср Ҷавҳар Набил мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории судманд дар соҳаи варзиш ва ҷавонон, бахусус сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти оммавигардонии варзишу тарзи ҳаёти солим ва дастгирии ҷавононро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо инчунин доир ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба қабули Қатъномаи байналмилалӣ дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ташрифи ҳайатҳои ҷавонону дастаҳои варзишӣ ба чорабиниҳои варзишии ҳамдигар ва таҳкими дипломатияи варзишӣ, инчунин баргузории Форуми ҷавонони Тоҷикистону Миср ба хотири муттаҳидшавии наврасону ҷавонони ду мамлакат гуфтугӯ карданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Миср








Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд






