Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр дар Парлумони Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар фазои идона рӯнамоии китобҳои ҷашнии нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Парлумони Тоҷикистон хабар медиҳад, дар чорабинӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, шоирону нависандагон, вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигарон иштирок намуданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки таҳия ва нашри китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» нишон медиҳад, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар баробари тарғиби сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, арзишҳои бебаҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳё ва шаклгирии низоми муосири давлатдорӣ, ҳамчунин дар камолоти фикрии ҷомеа, бедорию худогоҳии миллӣ ба унвони дастгоҳи пурқуввати идеологӣ хидмат мекунад.
Инчунин дар рӯнамои муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Дилрабо Мансурӣ, Раиси итттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам ва дигарон аз хизматҳои шоёни Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ ва фарзандони фарзонаи миллат ёдовар шуданд.
Чопу ба дасти хонанда супурдани ин китобҳо дар соли 2026-ро Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ки бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, ташаббуси огоҳонаест, ки ҳадафҳои пешбинишуда дар доираи ин солро амалан пайгирӣ менамояд.
Тайи даҳ соли охир аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба хотири рушди таъриху тамаддуни миллӣ ва ҳамзамон муаррифии шоистаи хидматҳои мондагори фарзонафарзандони миллат 14 озмуни ҷумҳуриявию байналмилалиро баргузор намудааст.
Китоби «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ» доир ба хидматҳои мондагори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот медиҳад. Китобҳои «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» бошад доир ба ҷонбозию фидокориҳои Қаҳрамонони миллат Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур қисса мекунанд.
Чопи китоб, тарғиби он, инак, даҳ сол боз ба як рисолати ҷиддии нашрияи «Ҷумҳурият» табдил ёфтааст.
АКС: Парлумони Тоҷикистон











Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд






