СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст

Сентябрь 9, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 09.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатӣ барои синамои тоҷик марҳилаи нави таърихиро оғоз намуд. Агар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои синамогарон давраи ҷустуҷӯ, мутобиқшавӣ ба шароити нави иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи анъанаҳои мактаби миллии кино ба шумор равад, дар солҳои минбаъда мазмуну муҳтавои филмҳо тадриҷан васеъ гардида, мавзуъҳои таърих, фарҳанг, худшиносии миллӣ, ҳаёти иҷтимоӣ, меҳнати созанда, муҳаббат, оила, тарбияи насли наврас ва дастовардҳои даврони истиқлол бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» муовини директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Толиб Ғайбуллозода иттилоъ дод, аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм, аз ҷумла 55 филми ҳунарӣ, 37 филми кӯтоҳи ҳунарӣ, 209 филми мустанад ва 12 филми тасвирӣ ба навор гирифта шудааст. Ин рақамҳо аз густариши истеҳсоли маҳсулоти синамоӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ шаҳодат медиҳанд.

Солҳои охир барои рушди соҳа барномаҳои давлатӣ низ қабул гардиданд. Аз ҷумла, «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» барои идомаи рушди синамои миллӣ замина фароҳам овардааст.

«Марди мутааллиқи ду зан»

Яке аз аввалин филмҳои даврони Истиқлоли давлатӣ «Марди мутааллиқи ду зан» мебошад, ки соли 1991 бо коргардонии Маргарита Қосимова таҳия шудааст. Филм дар жанри драмаи иҷтимоӣ буда, ба мавзуи муҳаббат, оила ва интихоби инсон бахшида шудааст.

«Бухорои Шариф»

Соли 1991 филми тамсилии «Бухорои Шариф» таҳия гардид. Коргардони он Бақо Содиқов буда, филм бо сабки шоирона масъалаҳои адолат, шуур ва зебоии инсонро баррасӣ менамояд. Образи шоир ва файласуф–амири Бухоро меҳвари асосии асарро ташкил медиҳад.

«Ситораҳои сари танӯр»

Дар ҳамин сол (1991) филми «Ситораҳои сари танӯр» низ рӯйи навор омад. Филми Сайф Раҳимзоди Афардӣ сарнавишти ҷавонзанеро тасвир мекунад, ки духтарашро танҳо тарбия мекунад ва бо расидани барқ ба деҳаи кӯҳӣ сарнавишташ тағйир меёбад

«Ашк ва шамшер»

Аз ҷумлаи асарҳои муҳими ибтидои соли 1991 филми «Ашк ва шамшер» мебошад. Филми ҳунарӣ аз чор қисм иборат аст. Он аз рӯйи романи Сотим Улуғзода «Восеъ» таҳия шуда, воқеаҳои шӯриши халқии соли 1885 дар Балҷувонро инъикос мекунад.

«Буд-набуд…»

Филми ҳунарии «Буд-набуд…» соли 2002 таҳия гардида, дар шакли афсонавӣ бархӯрди неку бад, дороию нодорӣ, ҳирсу саховатро ба тасвир мекашад. Дар он унсурҳои фоҷиа ва мазҳака ба ҳам омезиш ёфтаанд.

«Муҷассамаи ишқ»

Соли 2003 филми ҳунарии «Муҷассамаи ишқ» ба навор гирифта шуд. Филм достони муҳаббати наврасе ба духтареро нақл мекунад, ки аз ӯ калонтар аст.

«Овора»

Филми ҳунарии «Овора» соли 2005 таҳия шуд. Дар асар ҳаёти одамони деҳа, маросим ва анъанаҳои онҳо ба пардаи синамо кашида шудааст.

«Вақте ки болои шаҳр борон меборид»

         Соли 2006 филми ҳунарии «Вақте ки болои шаҳр борон меборид»» рӯйи навор омад. Филм достони ишқи ҳақиқӣ ва хиёнатро дар омезиши фоҷиа ва мазҳака инъикос мекунад.

 «Дар орзуи падар»

Соли 2011 филми ҳунарии «Дар орзуи падар» ба навор гирифта шуд. Қиссаи Нозимӣ, муносибати ӯ бо писараш Меҳрубон ва таъсири қарорҳои нодурусти падар ба зиндагии оилавӣ меҳвари филмро ташкил медиҳанд.

«Сафари ҳавоӣ»

Филми ҳунарии «Сафари ҳавоӣ» соли 2014 дар жанри мазҳака таҳия шуда, воқеаи ғайриодии омадани балони бузурги ҳавоӣ ба деҳаи дурдасти кӯҳӣ ва таъсири онро ба сарнавишти қаҳрамонҳо нишон медиҳад.

«Муаллим»

«Муаллим» – филми ҳунарӣ буда, соли 2014 аз рӯйи филмномаи Сафар Ҳақдодов бо коргардонии Носир Саидов таҳия шудааст. Филм  зиндагии омӯзгори солхӯрда – Назар ва интизории бозгашти писари калониаш Юсуфро аз Русия тасвир мекунад.

«Як ҷаҳон аз ману ту ҳаст»

Силсилафилми «Як ҷаҳон аз ману ту ҳаст» низ соли 2014 таҳия шудааст. Филм достони печидаи рабуда шудани кӯдак, муносибати модару фарзанд ва бозгашти кӯдак ба назди модари аслиаш, инчунин мавзуъҳои масъулияти инсонӣ ва модариро матраҳ мекунад.

 «Достони Роғун»

Соли 2016 бо коргардонии Носир Саидов филми ҳунарии «Достони Роғун» таҳия гардид. Филм ба 25-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, гузашта, имрӯз ва ояндаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро аз дидгоҳи одамоне, ки сохтмони неругоҳ қисми асосии ҳаёти онҳо гардидааст, нишон медиҳад.

«Алифбо»

Филми тасвирии «Алифбо» низ соли 2016 офарида шуд. Ҳадафи он омӯзиш ва азхудкунии забони тоҷикӣ аз ҷониби кӯдакону наврасон мебошад. Филм ҳар як ҳарфи алифбои тоҷикро ба воситаи аниматсия муаррифӣ мекунад.

«Марди роҳ»

Соли 2018 бо коргардонии Носир Саидов филми «Марди роҳ» рӯйи навор омад. Филм ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, даврони истиқлолият ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳу ваҳдати миллӣ бахшида шудааст.

«Рақси зиндагӣ»

Филми ҳунарии «Рақси зиндагӣ» соли 2019 ба наво гирифта шуд.  Муҳтавои филм дар бораи духтару писаре нақл мекунад, ки як садамаи ногаҳонӣ онҳоро дилбохтаи ҳам мекунад. Ба рағми ҳама монеа ва фишорҳо онҳо аз ду фазо – шаҳр ва деҳа фазои ишқу муҳаббат месозанд.

«Муроди Пешво»

Филми мустанади «Муроди Пешво» соли 2019 бо коргардонии Абдулҳай Зокиров рӯйи пардаи синамо омад. Филм дар бораи ифтитоҳи якумин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» қисса мекунад.

«Нигоҳи ғизол»

«Нигоҳи ғизол» филми ҳунарӣ буда, соли 2019 ба навор гирифта шуд. Он муносибати инсон ба ҳайвонот, одамгарӣ ва ҳифзи ҳайвоноти нодири Тоҷикистонро инъикос мекунад.

«Автобус»

Соли 2020 филми ҳунарии «Автобус» таҳия гардид. Филм саргузашти гурӯҳи мусофиронро дар як сафари пур аз воқеаҳои шавқовар ба тасвир мекашад. Филм бо забони ҳаҷвӣ масъалаҳои ахлоқ, фарҳанги муошират, сабру таҳаммулро матраҳ мекунад.

«Роҳ»

Филми «Роҳ» сарнавишти се зани гуногунсолро пас аз озод шудан аз маҳбас тасвир намуда, масъалаҳои интихоби инсон ва бозгашт ба зиндагиро ба миён мегузорад. Он филми ҳунарӣ буда, соли 2020 таҳия карда шудааст.

«Бачаи обӣ»

 «Бачаи обӣ» соли 2020 бо коргардонии Файзулло Файзов рӯйи навор оварда шуд. Филм достони кӯдакеро нақл мекунад, ки орзуи моҳигир шудан дорад. Орзуи моҳигир шудан барои ӯ танҳо ҳавас нест, балки роҳи наҷот, умед ва худшиносӣ аст. Филм драммаи иҷтимоиест дар бораи кӯдакӣ, зиндагӣ ва орзуҳое, ки дар ҳама шароит вуҷуд доранд.

«Баҳори хазонрез»

Филми ҳунарии «Баҳори хазонрез» соли 2021 аз рӯйи асари Кароматулло Мирзо таҳия гардид. Он муборизаи инсон барои зиндагӣ ва хазон шудани орзую умедҳоро дар айни баҳори умр нишон медиҳад.

«Охирин сайди сайёд»

«Охирин сайди сайёд» ба ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, мубориза бо қочоқбарон ва барқарор намудани амнияти сарҳад бахшида шудааст. Он соли 2021 бо коргардони Муҳаммадрабӣ Исмоил ба навор гирифта шуд.

«Роҳ»

Филми «Роҳ» соли 2021 дар жанри мустанад аз ҷониби коргардони ҷавон Рустам Сатторзода таҳия карда шуд. Филм аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакатро дар замони соҳибистиқлолӣ таҷассум менамояд.

«Додараки фариштаҳо»

Дар ҳамин сол (2021) филми кӯтоҳи «Додараки фариштаҳо» аз рӯйи асари Сайф Раҳимзоди Афардӣ таҳия шуда, хурофот ва зиндагии пурмушкил ва фоҷиабори як оиларо нишон медиҳад.

 «Се хоҳарон»

«Се хоҳарон» қисмати се хоҳари аз модар маҳруммондаро нишон дода, паёми тарбиявӣ дорад ва ба тарғиби раҳму шафқат ва некукорӣ равона шудааст. Он соли 2021 бо коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоилов таҳия карда шудааст.

 «Дов»

Филми ҳунарии «Дов» бо коргардонии Муҳиддин Музаффар  соли 2022 ба навор гирифта шуд. Филм рӯйдодҳои солҳои 90-ум ва зиндагии ду дӯсти ҳақиқиро нишон медиҳад. Дар филм дар баробари сарнавишти қаҳрамонон зиндагии одамони боистеъдоди музофотӣ низ ба тасвир кашида шудааст.

«Танҳо ту»

 «Танҳо ту» филми ҳунарӣ буда, соли 2023 бо коргардонии Умед Мирзоширинов дар жанри драма ба навор гирифта шудааст. Филм ҳамчун драмаи оилавӣ масъалаҳои иҷтимоӣ, ишқ ва покизагии муносибатҳои инсонӣ ва ҳамзамон манзараҳои Тоҷикистонро инъикос менамояд.

«Зиндагӣ зебост»

«Зиндагӣ зебост» соли 2023 бо коргардонии Далер Раҳматов ба навор гирифта шуд. Он ба ҳаёт, ишқ, хиёнат ва муборизаи инсон дар муқобили мушкилоти рӯзгор бахшида шудааст.

«Тоҷи Сомон»

         «Тоҷи Сомон» филми мустанаде мебошад, ки Тоҷикистонро ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ ва шаҳри Душанберо ҳамчун шаҳри гулҳо муаррифӣ мекунад. Филм соли 2023 ба навор гирифта шудааст.

«Тоҷикон – пайравони ҳақиқат»

Филми мустанади «Тоҷикон – пайравони ҳақиқат» саҳми миллати тоҷикро дар пайдоиш ва рушди тамаддуни ҷаҳонӣ бо истифода аз арқому далелҳо бозгӯйӣ менамояд. Он соли   2023 бо коргардонии Рустам Шоазимов таҳия карда шудааст.

«Роғун – кохи нур»

«Роғун – кохи нур»- ин филми мустанад соли 2023 бо коргардонии Соро Музофиршоева ба навор  гирифта шуд. Филм ба корҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва саҳми мардум дар ин иншооти бузург бахшида шудааст.

«Моҳӣ дар шаст»

Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» истеҳсоли муштараки  Тоҷикистону Эрон буда, соли 2024 дар қаламрави Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст. Асар аз рӯзгори Далер — тарбиятгирандаи мактаб-интернат, ки барои пайдо кардани модараш ба сафари тӯлонӣ мебарояд, қисса мекунад. Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» то имрӯз дар 13 ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок намуда, ба дарёфти 9 ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ мушарраф гардидааст.

«Ошёни меҳр»

Яке аз филмҳои муҳими соли 2025 «Ошёни меҳр» мебошад, ки коргардони он Муҳаммадрабӣ Исмоил аст. Филм ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, бори аввал дар синамои тоҷик мавзуи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар қолаби асари бадеӣ ба навор овардааст.

«Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ»

Яке аз лоиҳаҳои муҳими муштараки Тоҷикистону Узбекистон филми  «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» мебошад. Филм рӯйдодҳои таърихии ҳаёт ва эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро фаро гирифта, дӯстии халқҳои тоҷик ва узбекро инъикос менамояд. Тасмими таҳияи ин филми муштарак соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гирифта шуда буд.

Дар назар аст, ки филм дар рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди тамошобин гардонида шавад.

Бояд гуфт, ки рушди синамои миллӣ  таҳти  таваҷҷуҳу дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҳукумати мамлакат барои пешрафти  он тадбирҳои мушаххас меандешад. Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи соҳаи кино ва тақвияти нақши он дар боло бурдани маънавиёти ҷомеа, махсусан тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ давоми 35 соли истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат якчанд санади муҳим, аз ҷумла қарорҳо ва барномаҳои давлатии рушд қабул ва амалӣ карда мешаванд. Имрӯзҳо истеҳсол ва таҳияи филмҳои муосири ҳунарӣ, мустанад, тасвирӣ ва филмҳои бачагона дар мамлакат афзоиш ёфта, шумораи онҳо нисбат ба солҳои пешин зиёд аст.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати филмҳо ва ҷавобгӯ сохтани он ба талаботи замони муосир соҳаи синамои ватанӣ пайваста бо мутахассисону кадрҳои баландихтисос ва таҷҳизоти техникии муосири филмбардорӣ таъмин мегардад. Ин ҳама дастовардҳо гувоҳи онанд, ки соҳаи синамои миллӣ ба марҳилаи нави рушду инкишоф ворид гардида, дар ҳифз ва инъикоси арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷик нақши муҳим мебозад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 9, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври шукуҳманд таҷлил намуданд
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Дар Москва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ