Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд

Сентябрь 25, 2026 14:58

ДУШАНБЕ, 25.09.2026  /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи ҳафтаи сатҳи баланди иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доктор Халилур Раҳмон баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба фаъолияти иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, таҳкими сулҳу амният, татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, иқлим ва рушди устуворро баррасӣ намуданд.

Вазири корҳои хориҷӣ ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар Душанбе дар соли 2028 ва раванди таҳияи Раванди оби Душанбе таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, инчунин аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036 ёдовар шуд.

Ҳамчунин вазъи амниятӣ дар минтақа ва таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ баррасӣ гардида, ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории зич дар доираи Созмони Милали Муттаҳид изҳори  омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2026 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст