СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд

Сентябрь 10, 2026 14:11

ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ ба таври бесобиқа рушд намуд. Он ба яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии давлат табдил ёфт. Дар ин муддат мавзеъҳои сайёҳии фарҳангӣ, таърихӣ ва табиии мамлакат обод ва бозсозӣ гардида, барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Дар баробари ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, роҳҳои дастрасӣ, меҳмонхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва минтақаҳои истироҳатӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Дар робита ба рушди ин соҳа АМИТ «Ховар» доир ба 35 мавзеи сайёҳии қобили таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон маълумот пешниҳод менамояд.

«Кохи Наврӯз»

Маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе, ки ба феҳристи «8 муъҷизаи Созмони ҳамкории Шанхай» дохил гардидааст, яке аз шоҳкорҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Он бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳё, рушди таъриху тамаддуни бой ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик бунёд гардидааст.

Дар «Кохи Наврӯз» тамоми намудҳои санъати вижаи ороишӣ ва амалии мардуми тоҷик пешниҳод шудааст. Имрӯз ин маҷмаа яке аз маконҳои асосии тамошо барои сайёҳон ба шумор рафта, ганҷинаи муҳими шаҳри Душанбе мебошад. Тамоми меҳмонони сатҳи баланд, сайёҳони дохилию хориҷие, ки ба пойтахти мамлакат меоянд, ҳатман аз ин макон дидан намуда, бо санъату ҳунари нотакрори миллати тоҷик шинос мегарданд.

«Қалъаи Ҳисор»

«Қалъаи Ҳисор» яке аз ёдгориҳои машҳури таърихию фарҳангии Тоҷикистон мебошад. Он дар  шаҳри Ҳисор ҷойгир буда, дар гузашта маркази муҳими сиёсӣ ва фарҳангии минтақа ба ҳисоб мерафт. Имрӯз қалъа яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии мамлакат маҳсуб мешавад. Ҳамарӯза сайёҳон бо дарвозаи қалъа, қалъаҳои таърихӣ ва дигар ёдгориҳои атрофи он шинос мегарданд. Хусусан меҳмонони хориҷие, ки бо мақсади иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ меоянд, бо ин қалъа шинос мегарданд. Қалъа таърихи беш аз 3000-сола дошта, дар дохили он растаи дӯконҳои армуғонфурӯшӣ, ҳунарҳои мардумӣ, майдони аспсаворӣ ва нуқтаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият менамоянд.

«Чилдухтарон»

Мавзеи «Чилдухтарон» аз зеботарин ҷойҳои табиии ҷануби Тоҷикистон мебошад. Он дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Кӯҳи Чилдухтарон дар масофаи 28 км дар қисмати шимолии маркази ноҳияи Муъминобод, назди деҳаи Дашти ар-ар ҷой гирифтааст. Он аз харсангҳои аҳромшакли то 60 метр баланд иборат аст. Харсангҳои аҳромшакл барои ҳар бинанда муҷассамаи олиҳаи зебоӣ ва рамзи покию ватандӯстӣ мебошанд. Ин макони беназир бо маҷмуи табиии сангҳои сурх, зебоии фавқулода ва номи шоиронаи Чилдухтаронаш сайёҳонро ҷалб менамояд.

Дар ин макон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ марҳилаи аввали Маҷмааи сайёҳии «Чилдухтарон» бо тарҳу намои муосир ва бо риояи меъёрҳои пазируфташудаи сохтмонӣ бунёд гардид. Маҳз ҳамин имконият ва шоҳкорҳои табиии «Чилдухтарон» аст, ки солҳои охир диққати ҳазорон сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин макон ҷалб мегардад.

«Сафеддара»

Маҷмааи кӯҳию лижаронӣ «Сафед-Дара» дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат навсозӣ гардида, ба мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил дода шуд. Пойгоҳи лижаронии «Сафеддара» ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ омода карда шудааст. Баргузор намудани мусобиқаҳои байналмилалӣ дар ин мавзеъ барои муаррифӣ кардани он хеле манфиатовар аст. Он ягона мавзеи сайёҳии лижаронӣ дар мамлакат аст, ки дорои инфрасохтори зарурии замонавӣ буда, дар он барои баргузории мусобиқаҳои зимистона ва истироҳату фароғати меҳмонону сокинони мамлакат тамоми шароит муҳайёст. Ҳоло ин мавзеи нодири табиӣ мавриди таваҷҷуҳи зиёди сайёҳону меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат қарор гирифтааст.

«ЗЕВ.С»

Соли 2025 дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» бунёд карда шуд. Ин маҷмаа дорои иншооти табобатию солимгардонӣ ва дигар хизматрасониҳои сайёҳӣ мебошад. Он дар як вақт имкон дорад ба беш аз 100 ҷаҳонгард хизмат расонад.  Дар деҳаи этнографии «ЗЕВ.С» ба ҷаҳонгардон тарзи зиндагии суннатии мардуми кӯҳистон, хонаҳои қадимӣ, осиёби обӣ, ҷувоз ва дигар унсурҳои фарҳанги миллӣ муаррифӣ карда мешаванд. Дар деҳаи этнографӣ хонаҳои хурди бо лой ва чӯб сохташуда, ки асрҳо тоҷикони кӯҳистон барои худ месохтанд, ба сайёҳон муаррифӣ мешаванд. Бунёди иншооти нави сайёҳӣ дар ин мавзеъ ба рушди соҳа, таъмини сокинон бо ҷойи кор ва беҳсозии сатҳи иҷтимоии аҳолӣ замина гузошт.

«Ҳафткӯл»

 «Ҳафткӯл»–и Тоҷикистон бо ҳафт кӯли рангорангаш сайёҳонро ҳайрон мекунад. Водии «Ҳафткӯл» маҷмуи кӯлҳое аст, ки ба ёдгориҳои беназири табиати Тоҷикистон дохил буда, яке аз дигаре болотар ҷойгир шуда, аз ҳамдигар зеботаранд. Дар атрофи кӯлҳои водии «Ҳафткӯл» барои сайёҳон бошишгоҳҳо бунёд карда шудаанд, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ то ба ин мавзеъ роҳи мошингард бунёд карда шудааст.

Дар бисёр маврид сайёҳон бо нақлиёти сабукрав то «Ҳафткӯл» омада, аз ҳамин ҷо имкон доранд ба дигар хатсайрҳои сайёҳӣ, аз ҷумла тавассути ағбаи Товасанг ба «Кӯли калон», «Искандаркӯл» ва дигар самтҳо сафар намоянд. Ҳамарӯза даҳҳо нафар сайёҳон аз тамошои манзараҳои афсонавии он лаззат бурда, аз ҳавои тозааш нафас мекашанд.

«Саразм»

«Саразм» қадимтарин ёдгории бостонии Осиёи Марказӣ буда, таърихи беш аз 5500 сол дорад. Соли 2010 бо қарори ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ ворид гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ, бахусус ба муносибати 5500-солагии Саразми бостонӣ корҳои зиёди ободонӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ анҷом дода шуданд. Соли 2020 дар ҳудуди мавзеи бостонӣ Осорхонаи таърихӣ-бостоншиносии Саразм, Рамзи Саразм бо баландии 27 метр ва дарвозаи рамзӣ бо услуби меъмории миллӣ сохта шуд. Ҳамчунин намунаи хонаҳои сокинони қадими Саразм сохта шуда, дар онҳо фарҳанг, тарзи зиндагӣ ва ҳунарҳои сокинони қадимӣ инъикос ёфтаанд. Ин тадбирҳо ба беҳтар намудани шароити қабули сайёҳон ва баланд бардоштани ҷолибияти мавзеъ равона шудаанд. Саразм имрӯз на танҳо мавзеи сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва бостоншиносӣ, балки намунаи рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар даврони истиқлолият мебошад.

«Ҳулбук»

Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» дар ноҳияи Восеъ ҷойгир буда, дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навсозӣ карда шуд. Маҳз ба хотири бузургдошт ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маданияти қадими шаҳрсозии ниёгон Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» бо Осорхона дар пойгоҳи шаҳри Ҳулбук таъсис дода шудааст. Осорхона ва «Қалъаи Ҳулбук» ҳамчун муассисаи фарҳангӣ ва ёдгории нодири таърихӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро бештар ҷалб менамоянд. Дар назди ин ёдгории таърихӣ мағозаи «Армуғон» низ кушода шудааст. Мағоза бо мақсади ҷалби бештари диққати сайёҳон ва такон бахшидан ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардидааст. Сайёҳ имкон дорад, ки ҳамчун армуғон аз «Ҳулбук» туҳфае бо худ барад. Ҳамзамон гурӯҳи занони гулдаст дар ин ҷо ба ҳунармандӣ ҷалб гардидаанд. Онҳо намунаҳои гуногуни нақшдӯзӣ, чакандӯзӣ, порадӯзӣ ва дигар намуди сӯзаниҳоро пешкаши сайёҳон менамоянд.

«Қалъаи Хуҷанд»

Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» яке аз мавзеъҳои хушманзару диққатҷалбкунандаи сайёҳии шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, на танҳо ба рушди илму фарҳанг, балки ба равнақи соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ низ мусоидат менамояд. Ҳамасола дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба ин макон сайёҳони зиёди хориҷӣ бо мақсади шиносоӣ бо таъриху фарҳанг ва анъанаҳои халқи тоҷик меоянд. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар ин мавзеъ намоиши хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти қаннодӣ ташкил гардида, маҳсули дасти ҳунармандону косибони номдор ба маърази тамошо гузошта мешавад. Он аз ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон дохил гардидааст.

«Чилучорчашма»

«Чилучорчашма» зиёратгоҳ ва оромгоҳи маъруф дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон буда, дар байни мардум ҳамчун 44 чашмаи шифобахш шинохта шудааст. Ҷолибтарин хусусияти ин ёдгорӣ, ки таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб намудааст, ин моҳиҳо ва морҳои «Чилучорчашма» мебошанд. Моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён намераванд, балки дар худи сарчашмаи обҳо шино мекунанд. Морҳо аз болои моҳиҳо гузашта, ба онҳо ҳамла намекунанд. «Чилучорчашма» мавзеи зиёратӣ, истроҳатию рекреатсионӣ маҳсуб шуда, дар ин ҷо сайёҳии зиёратӣ, истироҳатӣ ва табобатӣ хеле рушд ёфтааст. Оби 17 чашмаи он шифобахш ба шумор меравад.

Мамнуъгоҳи  Султон Увайси Қаранӣ

Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ, ки дар ноҳияи Ховалинг ҷойгир аст, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гардид. Барои ҳифзу нигоҳдории ин ёдгории таърихию фарҳангӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиёрату истироҳати сайёҳону меҳмонон тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар ин замина, роҳҳои мошингард ва роҳҳои дохилии мамнуъгоҳ обод гардида, иншооти хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар мавзеъҳои зарурӣ бунёд ва навсозӣ шудаанд. Ҳамарӯза ба ин макон беш 400–500 сайёҳ ворид мегардад.

«Сиёма»

Дарёи Сиёма дар масофаи 55 километр дуртар аз шаҳри Душанбе, дар дараи хушманзараи Варзоб воқеъ гардида, тибқи ташхисҳо, оби он яке аз беҳтарин обҳои ҷаҳон арзёбӣ гардидааст. Дарёи Сиёма 21 километр дарозӣ дошта, дар ҳавзаи дарё ягон нуқтаи аҳолинишин вуҷуд надорад. Дар ин мавзеъ барои сайёҳон хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардидаанд. Сол то сол теъдоди сайёҳони хориҷӣ ва дохилии ба тамошои ин мавзеъ рағбатдошта меафзояд. Дараи Сиёма дар муаррифии иқтидори обию энергетикӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихию бостонӣ ва рушди пешрафти Тоҷикистон, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз сӯи ҷомеаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф гардидааст, нақши муҳим дорад.

«Қалъаи Ямчун»

«Қалъаи Ямчун» яке аз мавзеъҳои муҳимми сайёҳии таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба ин мавзеъ, пеш аз ҳама, дӯстдорони сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва бостоншиносӣ меоянд. Сайёҳон тавассути боздиди қалъа бо таърихи қадимаи Бадахшон, меъмории қалъаҳои кӯҳистонӣ ва мероси фарҳангии минтақа шинос мешаванд. Ин қалъа ҳамчун калонтарин ёдгории таърихии Тоҷикистон дар баробари 7 ёдгории дигари маъруфи Тоҷикистон дар Юнеско ба сифати «Ёдгориҳои роҳи Абрешим» сабт шудааст.

Қуллаи Исмоили Сомонӣ

Қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 метр баландтарин нуқтаи кӯҳҳои Тоҷикистон ва яке аз баландтарин қулла дар ҷаҳон мебошад. Дарозии кӯҳҳои Помир 800 км ва 5000-7000 метр аз сатҳи баҳр баланд буда, асосан аз кӯҳҳои берастанӣ ва сангҳо иборатанд. Дар бисёр қуллаҳои ин кӯҳҳо пиряху барфҳои чандинсола ҷойгир буда, сарчашмаи дарёи Омуро ташкил медиҳанд. Ин қулла яке аз баландтарин қуллаҳои минтақа буда, ҳамасола таваҷҷуҳи кӯҳнавардони касбӣ ва дӯстдорони саёҳати кӯҳиро ҷалб мекунад. Барои фатҳи маҳз ҳамин қулла бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ доир мешавад, ки дар он кӯҳнавардон аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Лаҳистон, Испания, Англия, Канада, Эстония, Норвегия, Литва, Беларус, Олмон, Италия, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Юнон, Мексика, Фаронса, Дания ва дигар давлатҳои дуру наздик фаъолона иштирок менамоянд.

«Дараи Ширкент»

Яке аз мавзеъҳои машҳур ва овозадори сайёҳии шаҳри Турсунзода ин дараи Ширкент мебошад, ки дар қисми шимолу шарқии шаҳр ҷойгир аст. Ин дара бо табиати нодир, манзараҳои дилфиреб ва ёдгориҳои беназири табиӣ маъруф мебошад. Ҷозибаҳои нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор мераванд, ки дар сангҳо ҳифз гардидаанд. Ин осори нодир таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва сайёҳони зиёдеро ба худ ҷалб намуда, арзиши илмӣ ва сайёҳии минтақаи Ширкентро боз ҳам баланд мебардорад.

Табиат ва ҳавои мусоиди ин мавзеъ барои сайёҳии экологӣ ва саёҳати кӯҳӣ шароити хеле мувофиқ фароҳам оварда, ба макони фароғату истироҳати сайёҳон табдил дода шудааст.

«Гармчашма»

Осоишгоҳи табобатии «Гармчашма» дар масофаи 48 километр аз шаҳри Хоруғ ва 73 километр аз маркази ноҳияи Ишкошим дар баландии 2770 метр аз сатҳи баҳр, дар дараи хушманзараи маҳаллаи миёнакӯҳ воқеъ мебошад. Дар он ҷо чашмаҳои минералии табиии зиёд мавҷуд буда, хусусияти табобатӣ доранд. Оби он ба касалиҳои дил, рагҳои хунгард, касалиҳои узвҳои такя ва ҳаракат, касалиҳои системаи асаб ва касалиҳои узвҳои занона шифо мебахшад. Ҳолати санитарӣ-беҳдоштии осоишгоҳи «Гармчашма» пурра ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ мебошад. Дар «Гармчашма» меҳмонхонаи «Сомон ТМ», ҳостелҳои «Баҳор», «Чашма», «Ғаюрҷон» ва «Ғаёс» фаъолият мекунанд.

«Дараи Ромит»

Ин мавзеъ бо обҳои мусаффо, ҳайвоноти нодир, гиёҳҳои шифобахш ва умуман бо табиати зебою нотакрораш ар байни сайёҳон шуҳрат пайдо намудааст. Дараи сайёҳию истироҳатии Ромит соли 1959 бо қарори собиқ Ҳукумати Шуравӣ ташкил шуда, 18 сентябри соли 2000 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дараи Ромит-минтақаи сайёҳию истироҳатии Тоҷикистон» эълон гардид. Ин макон дорои иқтидори беандозаи сайёҳӣ буда, бо таҳкими раванди бунёди иншооти инфрасохтори замонавӣ метавонад ба яке аз мавзеъҳои нотакрори сайёҳии экологӣ, табобатию истироҳатӣ ва шикор табдил ёбад. Дар ин дара меҳмонхонаю тарабхонаҳои замонавӣ ва чойхонаҳои миллӣ сохта шудаанд, ки барои қабули гардишгарон омода мебошанд.

«Хоҷа оби гарм»

 «Хоҷа Оби Гарм» беҳтарин макони солимгардонӣ  барои сайёҳони дохилию хориҷӣ буда, тамоми фасли сол фаъолият менамояд. Дар ин осоишгоҳ сайёҳони дохилию хориҷӣ бо сарватҳои нодири табиӣ, махсусан имконияти сайёҳӣ  шинос мегарданд. Воситаи асосии табобати курортӣ дар «Хоҷа Оби Гарм» обҳои маъданноки дармонбахш ҳастанд. Обҳои маъданноки осоишгоҳ дорои азоти креминистӣ, сулфату гидрокарбонат буда, ҳарорати гармии он аз +56 то +96  дараҷаро ташкил медиҳад. Ин мавзеъро яке аз муъҷизаҳои беохири  табиӣ ва сарчашмаи қувваи ҳаёт  гуфтан мумкин аст. Зеро дар он  инсон метавонад саломатии худро барқарор намояд. Фаъолият намудани чунин осоишгоҳҳо ба сайёҳони дохилию хориҷӣ имкон медиҳад, ки аз табиати биҳиштосои диёр,  обу ҳавои аз ҷиҳати экологӣ тоза, чашмаҳои дорои  хусусияти табобатии нодир ва кӯлҳои зиёди кӯҳӣ таассуроти рангин бардоранд.

Шоҳроҳи Помир

Яке аз омилҳои муҳими рушди сайёҳии Бадахшон дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ- ин беҳтар гардидани роҳҳои нақлиётӣ ва дастрасии сайёҳон ба мавзеъҳои дурдасти вилоят мебошад. Шоҳроҳи Помир барои сайёҳоне, ки мехоҳанд аз манзараҳои кӯҳӣ, деҳаҳои қадима ва фарҳанги мардуми Бадахшон дидан намоянд, ба масири маъруфи сайёҳӣ табдил ёфтааст. Дар солҳои истиқлол роҳҳои байналмилалии минтақа марҳила ба марҳила навсозӣ гардида, ин раванд барои рушди робитаҳои иқтисодию сайёҳӣ ва дастрасии сайёҳон ба мавзеъҳои дурдасти Бадахшон заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Осорхонаи миллии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин марказҳои фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои сайёҳони дохилию хориҷӣ имконияти хуби шиносоӣ бо таъриху тамаддун, фарҳанг ва табиати кишварро фароҳам меорад. Осорхона соли 2011 таъсис ёфта, дорои 22 толори намоишӣ мебошад, ки дар онҳо таърихи қадим, асрҳои миёна, давраи навин, инчунин санъати тасвирӣ ва амалӣ муаррифӣ шудаанд. Барои сайёҳон бахши таърихи қадим ва асрҳои миёна, ки бозёфтҳои марбут ба Саразм, фарҳанги зардуштӣ, давлати Ҳахоманишиён, давраҳои Юнону Бохтар, Кӯшониён, Сосониён ва дигар марҳилаҳои таърихи минтақа дар он ҷой гирифтаанд, таваҷҷуҳи хос дорад. Дар осорхона ҳамчунин намунаҳои нодири бозёфтҳои Панҷакенти қадим, Қалъаи Муғ, Ҳулбук ва дигар ёдгориҳои таърихӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Осорхонаи миллӣ аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар як макон метавон бо марҳилаҳои гуногуни таърихи Тоҷикистон, фарҳанги тоҷикон ва мероси табиии кишвар шинос шуд.

«Искандаркӯл»

«Искандаркӯл» аз кӯлҳои зеботарини Тоҷикистон ба шумор меравад. Он дар баландии 2195-2260 метр аз  сатҳи баҳр, дар доманаи  қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Фон ҷойгир аст. Кӯл шакли секунҷа дошта, масоҳаташ 3,9 киломерт мураббаъ аст. Ин дарё аз болои кӯҳи афтида ҷорӣ шуда, ба ҷараёни қадими худ меафтад ва яке аз  шаршараҳои зебои дунёро ба вуҷуд овардааст. Таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро асосан ҳамин шаршараи боҳашамати поёноби «Искандаркӯл» ҷалб менамояд. Шаршараи Искандар яке аз ҷойҳои ҷолиби диққат буда, 1,3 км шарқтар аз сарчашмаи Искандардарё воқеъ гаштааст. Шаршараи Искандар хеле пурталотӯб  ва хурӯшон буда, аз баландии 45 метр ба поён сарозер мешавад ва аз ду зина иборат аст.

«Чашмаи авҷ»

Яке аз ин чашмаҳои дорои оби минералӣ чашмаи «Авҷ» мебошад. Шифохонаи ин чашма дар масофаи 80 километр аз шаҳри Хоруғ, 27 километр поёнтар аз маркази ноҳия дар соҳили дарёи Ишкошим, дар баландии 2415 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Ҳарорати оби чашма 37-38 дараҷа гарм мебошад. Дар таркиби оби шифобахш кислотаи силитсий, гази карбон, элементҳои маъданҳои умумӣ, элементҳои «ангезандаи ҳаёт», монанди литий, оҳан, никел, фтор, руҳ ва бром мавҷуданд. Тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ, шифохона соли 1976 дар заминаи чашмаи Авҷ сохта шудааст. Аз ҳамон солҳо оби он ҳамчун оби шифодиҳанда дар саросари ҷумҳурӣ шинохта шуда, ҳамасола теъдоди зиёди меҳмонону ҷаҳонгардон барои табобат меоянд. Сайёҳии табобатӣ метавонад дар осоишгоҳҳо, бунгоҳҳои махсуси тиббӣ ё марказҳои тиббӣ бо истифодаи технологияи муосири тиббӣ ва аз сарчашмаҳои табобатии табиӣ амалӣ гардад. Табиати зебоманзари чашмаи «Авҷ» бо оби минералии шифобахши он ҳамаи ин талаботро доро мебошад.

Пиряхи Тоҷикистон

3 июни соли 2026 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи пиряхи бузургтарини Помир Ванҷях ба Тоҷикистон иваз карда шуд. Пеш аз ин, то соли 2023 пирях бо номи Федченко маълум буд ва солҳои 2023–2026 пирях Ванҷях номгузорӣ шуда буд. Пиряхи Тоҷикистон бузургтарин пирях на танҳо дар мамлакат, балки дар тамоми ҷаҳон ва берун аз минтақаҳои қутбӣ мебошад. Бо мақсади сайёҳии кӯҳнавардӣ ба ин ҷо асосан нафароне меоянд, ки сайёҳии экологиро меписанданд. Онҳо алоҳида-алоҳида ё ду-сенафара бо дучарха саёҳат мекунанд. Дар баробари ин ҳамасола дар Тоҷикистон Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ баргузор мегардад, ки зимни он кӯҳнавардон аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон ба қуллаҳои баландтарини Бадахшон мебароянд.

«Ямчун»

Осоишгоҳи «Ямчун» дар ноҳияи Ишкошим, дар баландии 2,700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Он макони истироҳатии табобатӣ ва сайёҳӣ мебошад. Ин осоишгоҳ бо чашмаи гарми маъдании «Бибӣ Фотимаи Заҳро» маъруф аст, ки ҳарорати он ба 40–42°C мерасад ва барои табобати бемориҳои гуногун истифода мешавад. Манзараи кӯҳии атроф, ҳавои тоза ва оромиш, муҳити орому осоишта Осоишгоҳи «Ямчун»-ро ба макони беҳтарин барои истироҳату табобат табдил додааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин мавзеъ ҳостелҳои «Вахон», «Мирзо», «Миралӣ», «Самадов Ақназар» ва «Раъно» ба фаъолият оғоз намуданд.

«Боғи Ирам»

Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» яке аз мавзеъҳои зебо ва машҳури сайёҳии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. Ин боғ бо табиати зебо, дарахтони сарсабз, гулҳои рангоранг ва муҳити орому дилнишинаш диққати сокинону меҳмонони пойтахтро ҷалб мекунад. Дар «Боғи Ирам» мунтазам чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор мегарданд. Дар чунин чорабиниҳо меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ метавонанд бо фарҳанг, анъана ва расму оинҳои миллии тоҷикон аз наздик шинос шаванд. Ҳамчунин дар ин ҷо намунаҳои гуногуни таомҳои миллии тоҷикӣ пешниҳод мешаванд, ки барои сайёҳон имконияти хубест, то аз фарҳанги меҳмондӯстии мардуми Тоҷикистон бештар огоҳ шаванд. Боғи Ирам барои сайёҳон на танҳо макони истироҳат, балки як гӯшаи шиносоӣ бо фарҳанг, ҳунар, анъана ва таомҳои миллии Тоҷикистон мебошад.

«Дараи Камароб»

«Дараи Камароб» яке аз мавзеъҳои зебо ва ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Он дар минтақаи Рашт ҷойгир буда, бо кӯҳҳои баланд, табиати сабзу хуррам, ҳавои тоза ва манзараҳои зебои худ диққати сайёҳонро ҷалб мекунад. Камароб махсусан барои дӯстдорони табиат, кӯҳнавардӣ, сайругашт ва истироҳати экологӣ макони муносиб мебошад. Дар фасли тобистон табиати дара хеле зебо шуда, сабзазор, чашмаҳо ва манзараҳои кӯҳӣ барои сайёҳон имконияти хуби аксбардорӣ ва истироҳат фароҳам меоранд.

Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб ҷойгир буда, яке аз ёдгориҳои муҳими таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин мақбара ба асрҳои XIV–XVI мансуб буда, бо меъмории хоси худ ва аҳамияти таърихию маънавӣ диққати меҳмононро ҷалб мекунад. Ин мавзеъ ба сайёҳии фарҳангӣ-таърихӣ ва зиёратӣ дохил мешавад. Одамон ба ин ҷо барои зиёрати оромгоҳ, эҳтиром ба шахсияти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва шиносоӣ бо мероси таърихию маънавии ӯ меоянд. Оромгоҳ на танҳо макони зиёрат, балки маркази шиносоӣ бо таърих, фарҳанг, адабиёт ва маърифати тоҷикон низ мебошад. Меҳмонон ҳангоми боздид метавонанд бо осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва таърихи шаҳри бостонии Кӯлоб бештар шинос шаванд.

Обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак»

Обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» яке аз мавзеъҳои зебо ва ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон буда, дар дарёи Вахш, дар наздикии шаҳри Норак ҷойгир шудааст. Он барои таъмин намудани Неругоҳи барқи обии «Норак» бо об сохта шудааст. Обанбор тақрибан 70 километр дарозӣ, то 98 километри мураббаъ масоҳат ва ҳаҷми умумии лоиҳавии 10,5 миллиард метри мукааб дорад. Обанбор дар миёни кӯҳҳо ҷойгир буда, манзараи хеле зебо ва ҷолибро ба вуҷуд овардааст. Кӯҳҳои атроф, оби васеи кабуд ва ҳавои тоза диққати сайёҳонро ҷалб мекунанд. Аз ин рӯ, ин мавзеъ барои сайёҳии экологӣ, кӯҳӣ ва истироҳатӣ имконияти хуб дорад. Ҳамчунин Неругоҳи барқи обии «Норак» объекти муҳими сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Меҳмонон ва иштирокдорони чорабиниҳои байналмилалӣ аз неругоҳ, обанбор, агрегатҳо ва осорхонаи он дидан карда, бо таърихи сохтмон ва фаъолияти ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ шинос мешаванд.

«Хуррамшаҳр»

 «Хуррамшаҳр»-и Данғара Маркази фароғатӣ буда, аз ҷониби устоҳои чирадасти тоҷик дар се гектар бунёд гардида, бо шукуҳу шаҳоматаш қалби садҳо ҷаҳонгардонро тасхир намудааст. «Хуррамшаҳр», ки дар Осиёи Марказӣ беназир ва нодир мебошад, аз толорҳои сангин, кандакорӣ ва нақшкорӣ иборат буда, бо усулҳои гуногуни аз ҳамдигар фарқкунанда ороиш ёфтааст. Ҳангоми тамошои «Хуррамшаҳр» ҳар сайёҳ аз тамошои нақшу нигор ва кандакориҳои болои чӯб, гаҷ ва сангҳои ороишӣ, аз қабили мармару хоро таассуроти хуб бардошта, бо санъати баланди бостонии меъмории тоҷикон шинос мегардад. «Хуррамшаҳр» Маркази бузурги баргузории тантанаю чорабиниҳои идона ва фарҳангӣ, қабули меҳмонону сайёҳон ва дӯстдорони хӯрокҳои миллӣ аст.

Шаҳри қадимаи Карон

Карон яке аз мавзеъҳои муҳимми таърихию бостоншиносии ноҳияи Дарвоз ба ҳисоб меравад. Ин шаҳри қадимӣ дар кӯҳистони Дарвоз ҷойгир буда, аз мавҷудияти тамаддуни қадимӣ ва фарҳанги ғании минтақа шаҳодат медиҳад. Мавзеи Карон барои дӯстдорони таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд дорад. Каронро метавон ба сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва бостоншиносӣ дохил кард. Боздид аз ин мавзеъ ба сайёҳон имкон медиҳад, ки бо таърихи қадимаи Дарвоз, тарзи зиндагии гузаштагон ва осори тамаддуни бостонии ин минтақа шинос шаванд. Ҳамзамон манзараҳои кӯҳистонии атроф ҷолибияти сайёҳии Каронро бештар менамоянд.

«Чорчаман»

Маҷмааи сайёҳию истироҳатии «Чорчаман»-и ноҳияи Дарвоз бо табиати хушманзар, дараҳои кӯҳӣ, обу ҳавои тоза ва муҳити орому осудааш таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб мекунад. Маҷмааи «Чорчаман» барои истироҳат ва тамошои табиати зебои Дарвоз имконияти хуб фароҳам меорад. Ин мавзеъ ба сайёҳии экологӣ ва истироҳатӣ дохил мешавад. Сайёҳон метавонанд дар ин ҷо аз табиати кӯҳистон баҳра бурда, бо манзараҳои нотакрори Дарвоз шинос шаванд. «Чорчаман» барои ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳии минтақа аҳамияти муҳим дорад.

Қаракӯл, Яшилкӯл ва Булункӯл

Кӯлҳои баландкӯҳи Бадахшон низ аз захираҳои муҳими рушди сайёҳии экологӣ ба ҳисоб мераванд. Қаракӯл, Яшилкӯл ва Булункӯл бо табиати нотакрор, иқлими хоси кӯҳистон ва манзараҳои зебои худ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷолиб мебошанд. Махсусан Қаракӯл, ки дар яке аз баландтарин минтақаҳои Бадахшон ҷойгир аст, барои рушди сайёҳии экологӣ, саёҳати кӯҳӣ ва аксбардории табиӣ имконияти зиёд дорад.

«Кӯли Сарез»

Кӯли Сарез аз маъруфтарин мавзеъҳои табиии Бадахшон ба шумор меравад. Он дар кӯҳсори Рӯшон, дар баландии тақрибан 3250 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, яке аз падидаҳои нодири табиии минтақа мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Сарез чун яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳии экологӣ ва кӯҳӣ бештар муаррифӣ гардида, ба барномаҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ ворид шудааст. Манзараҳои нотакрор, кӯҳҳои атроф ва мавқеи ҷуғрофии он барои рушди сайёҳии саргузаштӣ ва экологӣ имконияти васеъ фароҳам меоранд.

«Аҷинатеппа»

Мавзеи бостонии «Аҷинатеппа» яке аз ёдгориҳои муҳими таърихию фарҳангии вилояти Хатлон мебошад. Он дар наздикии шаҳри Бохтар ҷойгир буда, бо бозёфтҳои нодири давраи буддоӣ ва осори меъмории қадимааш маъруф аст. Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ аз ин мавзеъ осори гуногуни фарҳангӣ, аз ҷумла муҷассамаҳо ва дигар намунаҳои санъати қадимӣ пайдо шудаанд. «Аҷинатеппа» барои рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва бостоншиносӣ аҳамияти муҳим дошта, таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ ва муҳаққиқонро ҷалб менамояд. Бо мақсади шиносоии бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ бо мавзеи таърихии «Аҷинатеппа» барномаи 3D омода карда шудааст. Сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ имкон доранд, ки дар бораи ин мавзеи таърихӣ ба воситаи ин барнома маълумот пайдо кунанд.

Водии Яғноб

Яғноб водие аст, ки дар километри 150-уми самти шимоли Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд доман густурдааст. Табиати зебову афсонавии водии Яғноб қалби ҳар бинандаро беихтиёр тасхир менамояд. Дар ин водӣ дар як вақт чанд фасли солро мушоҳида менамоед. Ин аст, ки зебоиҳои афсункори ин гӯшаи нотакрори табиати Тоҷикистон ҷаҳонгардонро аз давлатҳои дурдасти ҷаҳон ҷалб намудаанд. Дар водии Яғноб, сарфи назар аз раванди тағйироти иҷтимоӣ хусусияти одоби муошират, зиндагӣ, пухтупаз ва либоси анъанавӣ нигоҳ дошта шуда, ҳунарҳои кулолгарӣ ва кишоварзӣ ба таври анъанавӣ боқӣ мондаанд. Водии Яғноб ба монанди баъзе минтақаҳои кӯҳиcтони Тоҷикистон метавонад осорхонаи зиндаи этнографӣ арзёбӣ гардад. Таъсиси Парки табиии миллии «Яғноб» қадами саривақтӣ буда, ба манфиати сокинони Яғноб аст. Он на танҳо барои ҳифзи забон, фарҳанги хос ва сарватҳои табиӣ, балки дар маҷмуъ барои фарҳанги мардуми тоҷик хеле муҳим мебошад. Бо таъсиси парк инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла ба тамоми деҳаҳо роҳ кушода шуда, бо техникаи роҳсозӣ таъмин гардиданд, ки роҳҳо тоза карда мешаванд. Ба тамошои Яғноб бештар сайёҳон аз Русия, Амрико, Британияи Кабир, Австралия ва дигар мамлакатҳои Аврупо меоянд. Дар деҳаҳои водӣ барои сайёҳон бошишгоҳҳо бунёд гардидаанд, ки ба рушди туризм мусоидат менамоянд.

Бояд гуфт, ки давоми 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеъҳои сайёҳии мамлакат корҳои созандагию ободонӣ ба таври назаррас густариш ёфтанд. Дар ин давра барои рушди сайёҳии дохилию хориҷӣ инфрасохтори нав бунёд гардида, роҳҳои мошингард ва роҳҳои дастрасӣ ба мавзеъҳои дурдаст беҳтар карда шуданд, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, марказҳои хизматрасонӣ, минтақаҳои истироҳатӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ сохтаву навсозӣ гардиданд. Ҳамзамон ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барқарор ва мавзеъҳои табиии нодир барои қабули сайёҳон бештар омода карда шуданд.

Имрӯз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, табиӣ, кӯҳию экологӣ, табобатию истироҳатӣ ва этнографии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ имконияти васеъ доранд. Рушди инфрасохтор, беҳтар гардидани роҳу хизматрасонӣ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ ва табиии мамлакат заминаи мусоид фароҳам овардааст, ки Тоҷикистон ба яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳии минтақа табдил ёбад.

Истиқлолияти давлатӣ барои муаррифии таъриху фарҳанг, табиати нотакрор ва имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор гузоштааст.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 10, 2026 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ