Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт

Сентябрь 11, 2026 19:00

11.09.2026 , н.Рашт

 

Ҳамдиёрони азиз!

Кулли сокинони заҳматқарини ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод, Лахшу Сангвор ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон саломатӣ, сулҳу оромӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар корҳои созандагиву ободонии Ватани азизамон барору комёбӣ орзу менамоям.

Истиқлолу озодӣ барои ҳар фарди ватандӯст неъмати бебаҳо, рамзи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ мову шумо дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидем.

Боиси ифтихор аст, ки мардуми ватандӯсту заҳматқарини водии Рашт дар баробари сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷашни бузурги миллиро бо вусъати корҳои ободониву созандагӣ, иқдомҳои неку ватандӯстона ва дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтанд.

Ноҳияҳои минтақаи Рашт бо табиати зебои кӯҳистон, захираҳои фаровони обу энергетикӣ, имкониятҳои васеи кишоварзӣ, маъданҳои табиӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва мавзеъҳои нодири сайёҳӣ яке аз минтақаҳои дорои иқтидори бузурги рушди кишвар ба ҳисоб мераванд.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон дар ноҳияҳои водии Рашт сохтмону азнавсозии 986 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, то 20-уми августи соли 2026-ум 825 иншоот ё 82,1 фоизи онҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Дар бунёди иншооти ҷашнӣ, дар баробари маблағгузории давлатӣ, сокинони ноҳияҳо, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша саҳми назаррас гузоштаанд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳо барои ташаббусҳои созанда, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иштироки фаъолонаашон дар ободонии Ватани азизамон миннатдорӣ баён менамоям.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод ва Лахшу Сангвор аз ҳисоби буҷети давлатӣ 6,1 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Ҳамчунин, дар ин давра ба иқтисодиёти онҳо, дар маҷмуъ, 5,6 миллиард сомонӣ сармоя ҷалб шудааст.

Бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба зиёда аз 50 ҳазор оилаи ноҳияҳои зикршуда қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати умумии 11 ҳазор гектар ҷудо карда шудаанд.

Илова бар ин, барои бунёди иншооти муҳимми иҷтимоиву хизматрасонӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатӣ корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.

Танҳо аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар 20 соли охир дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш 43 иншоот ба маблағи умумии беш аз 250 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳоло сохтмони панҷ иншооти дигар бо арзиши умумии 370 миллион сомонӣ идома дорад.

Қобили зикр аст, ки дар 20 соли охир шумораи корхонаҳои саноатии минтақа беш аз се баробар афзоиш ёфта, истеҳсоли 37 номгӯйи маҳсулот ба роҳ монда шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2025 ба 197 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2015–ум 4,3 баробар зиёд гардидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияҳои водӣ зиёда аз 128 километр хатҳои интиқоли барқ бунёд гардида, 45 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии зиёда аз 3 ҳазор киловатт мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар натиҷаи ислоҳоти аграрӣ, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ ва заҳмати кишоварзон соли 2025 ҳаҷми маҳсулоти соҳа ба 2,8 миллиард сомонӣ расидааст.

Ба мақсади осон намудани рафтуомади одамон ва интиқоли молу маҳсулот дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияҳои водӣ даҳҳо лоиҳаи бузурги сармоягузории давлатӣ оид ба бунёду таҷдиди роҳҳо ва пулҳо татбиқ карда шудаанд.

Аз ҷумла қитъаҳои роҳи Душанбе – Қарамиқ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ба масофаи 300 километр таҷдид гардида, дар ноҳияи Лахш дар доираи се лоиҳа 255 километр роҳ ва 15 пул ба маблағи 850 миллион сомонӣ бунёду таҷдид гардида, татбиқи лоиҳаҳои беҳтар намудани роҳҳои дигар идома дорад.

Дар ноҳияи Нуробод се лоиҳаи бузурги сармоягузории давлатӣ – сохтмони қитъаҳои якум ва дуюми роҳи мошингарди Обигарм – Нуробод, инчунин пули калон аз болои обанбори неругоҳи барқи обии «Роғун» ва роҳҳои ба он пайвастшаванда амалӣ шуда истодааст.

Арзиши умумии лоиҳаҳо дар ноҳияи Нуробод 3,7 миллиард сомониро ташкил дода, сохтмони 172 километр роҳ, 3 нақб ва 15 пулро дар бар мегирад.

Татбиқи ин лоиҳаҳо дар солҳои наздик ҳаракати бехатари мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро ба маркази мамлакат, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кишварҳои хориҷӣ таъмин карда, ба рушди тиҷорату сайёҳӣ такони мебахшад.

Дар 20 соли охир барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 2,1 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ 360 бинои муассисаи таълимӣ бо 37 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Имрӯзҳо сохтмони боз 26 бинои муассисаи таълимӣ барои 4500 нафар хонанда идома дорад.

Дар солҳои 1998 – 2026, яъне аз оғози таъсиси квотаи президентӣ то имрӯз 3100 нафар ҷавонони ноҳияҳои зикргардида, аз ҷумла 1900 нафар духтарон бо истифода аз ин имтиёз ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул карда шудаанд.

Омӯзиши касбу ҳунар барои саноатикунонӣ ва рушди кишоварзӣ, сохтмон, энергетика, нақлиёт ва хизматрасонӣ аҳаммияти калидӣ дорад.

Ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадаф дар ноҳияи Рашт сохтмони бинои нави литсейи касбҳои техникӣ ба анҷом расонида шуд ва имрӯз ин муассиса ба фаъолият оғоз кард, ки ба хеле беҳтар гардидани шароиту имкониятҳои касбомӯзии ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

Ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахусус модару кӯдак, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.

Ҳоло дар ноҳияҳои минтақаи Рашт 300 муассисаи тандурустӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 431 нафар табибон ва 1200 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Натиҷаҳои 35 соли соҳибистиқлолӣ нишон медиҳанд, ки мардуми заҳматқарину сарбаланди ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод ва Лахшу Сангвор дорои неруи бузурги созандагӣ, таҷрибаи ғании кишоварзӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ мебошанд.

Махсус таъкид месозам, ки ноҳияҳои зикршуда барои истеҳсоли картошка, мева, асал ва дигар навъҳои маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза имкониятҳои васеъ доранд.

Мо барои рушди ноҳияҳои водӣ то имрӯз корҳои зиёдеро анҷом додем, вале марҳалаи нави пешрафту тараққиёт аз роҳбарону масъулон ва ҳар як фарди бонангу номус ташаббус, масъулияти баланд ва заҳмати бештарро тақозо менамояд.

Зарур аст, ки ҳар як ваҷаб қитъаи замин, иншооти бунёдшуда ва захираҳои табиӣ ба манфиати мардум, шуғли аҳолӣ, афзоиши истеҳсолот, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва ободии Ватан самаранок истифода карда шаванд.

Соҳибкорон, зиёиён, ҷавонон, занону бонувон, фаъолон ва тамоми сокинон бояд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ободиву пешрафти диёри худ саҳми боз ҳам бештар гузоранд.

Мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ, дӯст доштани Ватан, омӯхтани илму донишҳои муосир ва аз худ намудани касбу ҳунарҳои замонавӣ тарбия намоем.

Ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки соҳиби Ватани обод ва давлати озоду соҳибихтиёр ҳастем ва давлати мо имрӯз дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯ ва мақоми шоиста аст.

Фаромӯш набояд кард, ки ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ шарти асосии амалӣ гардидани ҳамаи нақшаву ҳадафҳои созандаи мо мебошад.

Итминони комил дорам, ки мардуми шарафманди ноҳияҳои водии Рашт барои ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбуби худ – Тоҷикистони соҳибистиқлол минбаъд низ содиқона заҳмат мекашанд.

Бори дигар ҳамаи шумо ва кулли сокинони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангворро ба ифтихори 35–солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо саломатӣ, саодати рӯзгор, иқболи нек ва комёбиҳои нав орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду хонаобод ва муваффақ бошед, ҳамдиёрони азиз!

Сентябрь 11, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Рашт иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ба истифода доданд
Дар Осорхонаи мероси Покистон гӯшаи мардумшиносии Тоҷикистон бо ёдгориҳои нави фарҳангӣ ва таърихӣ ғанӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд