ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, шанбе, 248-умин рӯзи соли 2026 аст

Сентябрь 5, 2026 08:00

5 сентябри соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва адибони маъруфу машҳури мамлакат дар ошёнаҳои аввали бинои бисёрошёнаи Маҷмааи истиқоматии «Пойтахт-80» бо номи «Ошёни дониш ва хизматрасонӣ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт фурӯшгоҳи бузурги китоб  мавриди истифода қарор гирифт.

***

5 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ» ва Намоишгоҳи V байналмилалии китоб, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир гардид, суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС дар доираи ҳамоиши БРИКС суханронӣ намуданд.

***

Соли 2018  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияро, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

***

5 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 30-солагии таъсиси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

5 СЕНТЯБР:

Рӯзи байналмилалии миннатдорӣ.

***

Дар Ҳиндустон – Рӯзи муаллим.

РӮЙДОДҲО:

5 сентябри соли 1941 дар шаҳри Хоруғ Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносӣ таъсис ёфт.

***

5 сентябри соли 1980 дар Швейтсария дарозтарин нақби мошингузари дунё, ки 16 километр аст,  ифтитоҳ гардид.

***

5 сентябри соли 2006 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бахшида ба 15-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нашри махсуси маҷаллаи «Тоҷикистон-қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ» ба роҳ монда шуд.

***

5 сентябри соли 2011 агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ба истифода дода шуд.

***

5 сентябри соли  2015  дар шаҳри Душанбе панҷумин Намоишгоҳи байналмилалии  «Китоби Душанбе» баргузор гардид.

***

5 сентябри соли 2017 дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври сеюми Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бар  дастаи  мунтахаби футболи Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1958 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкати «Ampex» аввалин видеомагнитофони рангаро пешниҳод кард.

Сентябрь 5, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, ҷумъа, 247-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, панҷшанбе, 246-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, чоршанбе, 245-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, сешанбе, 244-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 243-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, якшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, шанбе, 241-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, панҷшанбе, 239-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, сешанбе, 237-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, душанбе, 236-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, якшанбе, 235-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, шанбе, 234-умин рӯзи соли 2026 аст