ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, душанбе, 250-умин рӯзи соли 2026 аст

Сентябрь 7, 2026 08:00

7 сентябри соли 2009  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил дар қароргоҳи Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Варзоб дар Форуми соҳибкорону сармоягузорони ду давлат иштирок  намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи саноатии «Гулоб»- ро ба истифода доданд.

***

7 сентябри соли 2022 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корвони мошинҳо бо кумаки башардӯстона барои мардуми аз офати табиӣ — бориши зиёди борон ва обхезиҳо зарардидаи Ҷумҳурии Исломии Покистон аз майдони «Наврӯзгоҳ» — и шаҳри Душанбе ба роҳ баромад. Кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 адад шифер иборат буд, ки вазни умумии беш аз 3000 тонна ва маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дод.

7 СЕНТЯБР:

Рӯзи байналмилалии ҳамкорӣ бо милитсия.

***

Рӯзи байналмилалии ҳавои тоза ва осмони соф.

***

Дар Бразилия – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

7 сентябри соли 1923 Ташкилоти байналмилалии полиси ҷиноӣ — Интерпол таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1928 дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ордени «Байрақи сурхи меҳнат» таъсис дода шуд.

***

7 сентябри соли 1994 матни Суруди миллии Тоҷикистон (шеъри Гулназар Келдӣ) қабул гардид.

***

7 сентяби соли 2002 дар шаҳри Душанбе панҷумин Форуми байналмилалии тоҷикон ва форсизабонон баргузор гардид.

***

7 сентябри соли 2010 китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони чинӣ аз чоп баромад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2009 Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии телеграфии Озарбойҷон (АзерТАҶ) Созишномаи ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот ба имзо расониданд.

***

Соли 2018 масоили марбут ба таҳкими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо муҳокима гардид.

Сентябрь 7, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, якшанбе, 249-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, шанбе, 248-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, ҷумъа, 247-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, панҷшанбе, 246-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, чоршанбе, 245-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, сешанбе, 244-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 243-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, якшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, шанбе, 241-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, панҷшанбе, 239-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, сешанбе, 237-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, душанбе, 236-умин рӯзи соли 2026 аст