ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, чоршанбе, 252-юмин рӯзи соли 2026 аст

Сентябрь 9, 2026 08:00

9 сентябри соли 2016 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ доир гардид. Дар он 52 ҳазор донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии мамлакат иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идона ба ифтихори 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

9 сентябри соли 2024 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии Тоҷикистону Корея- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориён Ҷей Текстайл» шинос шуда, барои бунёди марҳилаи дуюми корхона санги асос гузоштанд.

***

9 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти коргоҳи нави истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби ширкати «Сайҳун» оғоз бахшида, бо шароити кор ва имконоти коргоҳ шинос шуданд.

***

9 сентябри соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  вохӯрӣ намуданд.

***

9 сентябри соли 2024  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

9 СЕНТЯБР:

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ.

***

Рӯзи байналмилалии зебоӣ.

РӮЙДОДҲО:

9 сентябри соли 1926 шабакаи телевизионии Амрико — Эн-Би-Си таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1961 дар Киев аввалин ҳунарнамоии Балети давлатии Украина дар рӯйи ях баргузор гардид.

***

9 сентябри соли 1969 дар Канада қонуни забон қабул гардид, ки  тибқи он забонҳои англисӣ ва франсузӣ дар тамоми ҳудуди кишвар забони расмӣ эълон карда шуд.

***

9 сентябри соли 1991 дар ҷаласаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломия ва Қарор «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуданд.

***

9 сентябри соли 2008 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ навбати дуюми корхонаи «Оби зулол»-ро ба истифода доданд.

***

9 сентябри соли 2014 муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, сайёҳӣ, маориф, энергетика ва рушди захираҳои башарӣ ва соҳаҳои фарҳангиву гуманитарии Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ шуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1886 дар пойтахти Швейтсария- шаҳри Берн Конвенсия дар бораи ҳифзи маҳсули адабиёт ва санъати бадеӣ ба имзо расидааст, ки аввалин созишномаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф мебошад.

***

Соли 2011  дар шаҳри  Душанбе роҳпаймоии 3000–нафара баргузор гардид, ки дар он  ҷавонон Парчами давлатии Тоҷикистонро бо дарозии 2011 метр, паҳноии 7 метр ва вазни 860 килограмм аз майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт гузарониданд.

Сентябрь 9, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, сешанбе, 251-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, душанбе, 250-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, якшанбе, 249-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, шанбе, 248-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, ҷумъа, 247-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, панҷшанбе, 246-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, чоршанбе, 245-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, сешанбе, 244-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 243-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, якшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, шанбе, 241-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, панҷшанбе, 239-умин рӯзи соли 2026 аст