«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид

Сентябрь 25, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем,  аз 15 то 20 октябр бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) дар Душанбе сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» доир мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, қариб 100 филми бадеӣ, кӯтоҳмуддат ва асарҳои истеҳсоли муштарак, ки солҳои 2024–2025 офарида шудаанд, барои иштирок ва рақобат дар озмунҳои синамоҷоиза пешниҳод гардидаанд. Ҳакамон ба баррасӣ ва арзёбии филмҳои пешниҳодшуда оғоз намудаанд.

Фаъолияти комиссияи ҳайати ҳакамон ба интихоби асарҳои арзандаи синамоӣ ва муайян намудани филмҳои беҳтарин барои марҳилаи ниҳоии озмун равона шудааст. Ба ҳайати ҳакамон мутахассисони соҳаи кино, коргардонҳо, филмноманависон, наворбардорон ва муҳаққиқони синамо дохил мебошанд. Аъзои ҳакамон зимни баррасии филмҳо ба сатҳи касбии коргардонӣ, мазмуну муҳтаво, сенария, ҳунари актёрӣ, наворбардорӣ, ҳалли бадеӣ ва дигар ҷанбаҳои эҷодии асарҳои пешниҳодшуда таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи баргузории синамоҷоиза муаррифии фарҳанг ва санъати миллии тоҷик, тарғиби дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи кино, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, инчунин муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти сулҳпарвару фарҳангии мамлакат ва маркази муҳими муколамаи тамаддунҳо дар доираи ташаббуси «Душанбе–шаҳри сулҳ ва тамаддуни ориё» дар соли 2026 мебошад.

Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар доираи татбиқи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» баргузор шуда, ба рушди синамои миллӣ, дастгирии синамогарони ҷавон, таблиғи беҳтарин дастовардҳои синамои тоҷик, таҳкими ҳамкории эҷодӣ ва ҳифзу густариши арзишҳои фарҳангию маънавии мардум мусоидат менамояд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

 

 

Сентябрь 25, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад