Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои нахустин иштироки Тоҷикистонро дар PISA 2025 – Барномаи байналмилалии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) оид ба арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон муаррифӣ карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
Иштироки зиёда аз 5 ҳазор хонанда дар таҳқиқот
Таҳқиқоти PISA 2025 дар шакли коғазӣ дар байни хонандагони 15-солаи шаҳри Душанбе гузаронида шуд, ки се самти асосӣ: саводи фанҳои табиатшиносӣ, саводи математикӣ ва саводи хонданро фаро гирифт. Дар таҳқиқот аз 160 муассисаи таълимии интихобгардида 5 ҳазору 771 хонанда иштирок намуд.
Ин натиҷаҳо заминаи аввалини муқоисаи сатҳи дониш ва малакаю маҳорати хонандагони Тоҷикистонро бо натиҷаҳои кишварҳои дигар фароҳам меоранд. Ҳамзамон натиҷаҳои PISA барои оғози баррасии васеъ дар мавриди истифодаи онҳо барои такмилу тақвияти сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва идомаи ислоҳот замина мегузоранд.
Заминаи аввалини муқоисаи байналмилалӣ
Азбаски таҳқиқот фақат дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, натиҷаҳои бадастомада низ танҳо нишондиҳандаҳои пойтахти мамлакат ба ҳисоб мераванд ва онҳоро набояд ба тамоми низоми маорифи Тоҷикистон нисбат дод. Дар баробари ин натиҷаҳои бадастомада барои Тоҷикистон заминаи аввалини муқоисаи байналмилалиро фароҳам меоранд, ки баъд аз ин метавонанд барои мониторинги сифати таҳсилот ва арзёбии натиҷаҳои ислоҳоти соҳаи маориф истифода шаванд. Ҳамчунин дар даври навбатӣ – PISA 2029 ба шакли компютерӣ баргузор шудани арзёбӣ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Нуқтаи заминавии муқоисаи байналмилалӣ: PISA 2025 бори аввал ба Тоҷикистон маълумоти муқоисашавандаро дар сатҳи байналмилалӣ дар бораи сатҳи дониш ва малакаҳои хонандагони 15-солаи шаҳри Душанбе пешниҳод мекунад.
Натиҷаҳои таълим
Натиҷаи нишондодаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна 334 баллро аз саводи фанҳои табиатшиносӣ, 382 баллро аз саводи математикӣ ва 368 баллро аз саводи хондан ташкил медиҳад.
Сатҳи заминавии саводи амалкардӣ (функсионалӣ)
Аз рӯйи саводи фанҳои табиатшиносӣ 11,8%, аз саводи математикӣ 23,5% ва аз саводи хондан 18,1%-и хонандагон ба сатҳи 2 ва баландтар аз он расидаанд. Афзоиш додани ҳиссаи хонандагоне, ки бояд ба сатҳи заминавии саводи амалкардӣ бирасанд, яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Истифодаи дониш дар ҳолатҳои воқеии зиндагӣ
Натиҷаи нисбатан пасттар аз рӯйи саводи фанҳои табиатшиносӣ ба қайд гирифта шуд. Ин зарурати тақвияти равишҳои амалигаро (донишҳои амалӣ), таҳқиқотӣ ва салоҳиятнокро дар раванди таълим таъкид мекунад.
Таъмини баробарии имконият ва муҳити мусоиди таълимӣ
Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки барои беҳтар шудани сифати таҳсилот минбаъд зарурати таваҷҷуҳи бештар ба масъалаҳои коҳиш додани нобаробарии иҷтимоию иқтисодӣ дар байни хонандагон, баланд бардоштани сифати таълим ва ҷалби фаъолонаи хонандагон ба раванди омӯзиш, инчунин таҳкими муҳити бехатару дастгирикунанда дар мактаб вуҷуд дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






