Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд

Сентябрь 12, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо, омодасозии кадрҳо, табодули таҷриба ва истифодаи технологияҳои муосир 11 сентябр дар  вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҷабалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уике баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.

Ҷонибҳо густариши робитаҳо дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулода, баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва иқтидори сохторҳои соҳавиро муҳим арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон ба масъалаҳои рақамикунонии соҳа, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, такмили низоми мубодилаи фаврии маълумот ва амалӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҳамзамон оид ба имконоти амалишавии табодули таҷриба, ташкили барномаҳои омӯзишӣ ва бозомӯзии мутахассисон, инчунин густариши робитаҳои касбӣ байни сохторҳои дахлдори ду давлат мубодилаи афкор карда шуд. Таъкид гардид, ки рушди ҳамкорӣ дар самти пешгирии офатҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва истифодаи таҷрибаи пешқадам ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сентябрь 12, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд