Дар Қазон ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд

Октябрь 1, 2026 15:10

​ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа ҳайати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода иштирок намуд.

Дар ҷаласа доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳифзи арзишҳо, пешгирии паҳншавии мундариҷаи ғайриқонунӣ дар байни ноболиғон дар муҳити рақамӣ, муқовимат ба ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин пешгирии истифодаи шабакаи Интернет бо мақсадҳои террористӣ ва экстремистӣ баррасӣ карда шуданд.Иштирокдорони ҷаласа нигаронии худро оид ба вазъият дар минтақаи Ховари Миёна ва оқибатҳои он барои ҷомеаи кишварҳо баён карда, зарурати риояи қатъии қонунҳои байналмилалии башардӯстонаро таъкид намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби прокурорҳои генералӣ Эъломияи Қазон қабул ва протоколи ниҳоӣ ба имзо расонида шуд. Қарорҳои мазкур барои тақвияти ҳамкории ҳуқуқӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай заминаи мустаҳкам гузошта, уҳдадории кишварҳоро барои ҳифзи насли ҷавон аз таҳдидҳои рақамӣ ва рушди ҳамкории амалӣ ба манфиати амнияти минтақавӣ тасдиқ карданд.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 1, 2026 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд