ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Наваскарони ноҳияи Ёвонро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ботантана гусел намуданд
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи даъватшаванда ва гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Дар оғози ҳамоиш роҳпаймоии идонаи ҷавонони даъватшаванда ва наваскарон доир шуд. Ҷавонони ватандӯст бо шиорҳои ифодагари муҳаббат ба Ватан, садоқат ба Ватан-Модар ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ, бо қадамҳои устувору ҷавонмардона ба макони баргузории чорабинии тантанавӣ раҳсипор гардиданд.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз намуд, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва афзун намудани иқтидори мудофиавии мамлакат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, интизом, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан мебошад.
Таъкид шуд, ки хизмати содиқона дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавони ватандӯст мактаби обутоби ирода, ҷавонмардӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аст.
Дар ҳамоиш ба ҷавононе, ки дар даврҳои кӯтоҳмуддати ронандагии назди «Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа» дар ноҳия таҳсил намудаанд, шаҳодатномаҳо тақдим карда шуданд.
Тазаккур дода шуд, ки тарбияи ҷавонони ватандӯсту худшинос ва омода намудани онҳо ба ҳифзи Ватан масъулияти муштараки давлат, ҷомеа ва оила мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон













Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд






