Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид

Октябрь 9, 2026 17:25

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи IT-и шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Такмили сифати таҳсилот дар замони рушди зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ: уфуқҳои нави рушди маориф» Форуми даҳуми байналмилалии Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, дар доираи форум ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон сертификати аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ дода шуд. Тибқи қарори Шурои аккредитатсионии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг, донишгоҳ расмиёти аккредитатсияи байналмилалии институтсионалиро муваффақона гузашта, ба муҳлати панҷ сол соҳиби аккредитатсия гардид.

Гирифтани аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ дастоварди муҳим дар таърихи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз эътирофи натиҷаҳои фаъолияти он дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Аккредитатсия мутобиқати низоми идоракунии донишгоҳ, ташкили раванди таълим ва механизмҳои таъмини сифати таҳсилотро ба меъёрҳои муқарраршудаи арзёбии байналмилалӣ тасдиқ менамояд.

Ҳамзамон аккредитатсия такмили минбаъдаи механизмҳои дохилии таъмини сифати таҳсилот, мониторинги мунтазами натиҷаҳои таълим ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадами байналмилалиро дар фаъолияти донишгоҳ тақозо мекунад.

Форуми X байналмилалии Осиёи Марказӣ беш аз 300 иштирокчӣ аз 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони созмонҳои фаъолияткунанда дар соҳаи таъмини сифати таҳсилотро ҷамъ овард.

Дар байни иштирокчиён намояндагони ENQA, EQAR ва WFME, инчунин сохторҳои таълимӣ ва коршиносии Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Британияи Кабир, Туркия, Булғористон ва Молдова ҳузур доштанд.

 

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Октябрь 9, 2026 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд