ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 13 октябрро Рӯзи байналмилалии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ эълон намудааст. Ҳадафи он коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мебошад. Бахшида ба ин рӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишҳои иттилоотию маърифатӣ баргузор мегарданд. Ҳамзамон барои пешгирии хатари офатҳои табиӣ, баланд бардоштани омодагии аҳолӣ ва таҳкими иқтидори сохторҳои дахлдор корҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
– Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон хабар доданд, соли 2026 дар асоси фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати мамлакат барои гузаронидани корҳои пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои осебпазир беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар асоси ин фармоиш соли равон барои пешгирии ҳолатҳои фавқулода дар соҳилҳои дарёву сойҳо корҳои пешгирикунанда, аз ҷумла соҳилмустаҳкамкунӣ ва насби симтаноб амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, бо мақсади андешидани тадбирҳои пешгирикунанда, рехтани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Панҷ тахтасангҳои оҳану бетонӣ рехта шуданд.
Инчунин ҳамасола аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳти сарпарастии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мутахассисони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва Саридораи геология мавзеъҳои хавфноки табиӣ аз назар гузаронида мешаванд. Дар натиҷаи омӯзиш рӯйхати дақиқи хоҷагиҳои зери таъсири равандҳои экзогенӣ қарордошта тартиб дода шуда, аҳолии дар мавзеъҳои хавфнок қарордошта ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар мавзеъҳои хавфноки шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва минтақаҳое, ки эҳтимоли рух додани ҳолатҳои фавқулода мавҷуд аст, ситодҳои доимӣ ташкил карда шудаанд. Инчунин дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот аз ҳисоби кормандони ташкилоту корхона ва зернизомҳои ҳудудӣ ва вазифавии низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардидааст.
Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ маҳз бо мақсади коҳиш додани хавфи селу обхезиҳо, ҳифзи манзилҳои истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ ва иншооти муҳими иҷтимоию инфрасохторӣ анҷом дода мешаванд. Таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, ки чунин тадбирҳо яке аз воситаҳои муассири пешгирии ҳолатҳои фавқулода буда, дар якчанд минтақа хатари такрорёбии селу обхезиҳоро ба таври назаррас коҳиш додаанд.
Дар маҷмуъ, татбиқи пайвастаи чорабиниҳои муҳандисӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва кӯчонидани аҳолӣ ба ҷойҳои бехавф на танҳо хисороти эҳтимолии молиявиро коҳиш медиҳад, балки ба таъмини амнияти аҳолӣ, рушди устувори маҳалҳо ва болоравии эътимоди шаҳрвандон ба сиёсати давлатӣ дар самти ҳифз аз офатҳои табиӣ мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки дар мамлакат «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019–2030» амалӣ мегардад. Ҳадафи ин стратегия коҳиш додани хисороти молию ҷонӣ, таҳкими чораҳои пешгирикунанда ва баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Тибқи таҳлилҳо, дар Тоҷикистон бештар офатҳои табиии сел, заминларза ва тармафароӣ ба қайд гирифта мешаванд. Хисороти асосии молию ҷонӣ низ маҳз аз ҳамин навъи офатҳо ба иқтисоди миллӣ ва амнияти аҳолӣ мерасад.
Инчунин аз 1 марти соли 2012 дар назди Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ таъсис дода шуд. Платформаи миллӣ ваколатҳоро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, мақомоти худидоракунанда, иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ, бахшҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ амалӣ менамояд.
Платформаи миллӣ ҳамасола нақшаи кори худро тасдиқ менамояд, ки яке аз он баргузории чорабиниҳо оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар саросари мамлакат бахшида ба Рӯзи байналмилалии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ мебошад.
Дар замони муосир тағйирёбии иқлим, зиёдшавии аҳолӣ ва фишори антропогенӣ ба муҳити зист рӯ ба афзоиш буда, офатҳои табиӣ ба яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти инсон ва рушди устувор табдил ёфтаанд. Афзоиши мунтазами шумораи ҳолатҳои фавқулода дар ҷаҳон зарурати густариши ҳамкории байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи муштараки усулҳои наву муосир ва механизмҳои нави ташкил ва гузаронидани тадбирҳои огоҳсозандаро тақозо менамояд.
Аз ин рӯ огоҳӣ, омодагӣ, иттилоърасонии саривақтӣ ва риояи тавсияҳои мақомот заминаҳои асосии ҳифзи ҷони одамон ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид






