Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро 100 фоиз иҷро намуданд
РАШТ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Пайравони Пешвои милатем!» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».
Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои дохил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд. Дар натиҷа ноҳияҳои Сангвор 100%, Лахш 100%, Тоҷикобод 100%, Нуробод 100% ва Рашт 100 фоиз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.
Дар ҳамоиш раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо дуои неки модарон ва баргузор намудани маросими кулчагазон наваскаронро гусел карданд.
Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз дошт, ки «боиси ифтихору сарфарозист, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат шароити хизмативу маишӣ ва таълимӣ муҳайё гардида, шаҳрвандон имкон доранд дар фазои сулҳу суботи Тоҷикистон ва дар Ватани худ хизмати пуршарафи Ватанро адо намоянд. Мову шумо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки хизмат ба Ватан хизмат ба падару модар, аҳли оила, зодгоҳ ва сарзамини аҷдодӣ мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар яки мо бояд ватанро баробари ҷони худ, ба мисли модари худ дӯст дорем ва онро ҷавонмардона ҳимоя ва ҳифз намоем. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст мисли шумо, даъватшавандагони азиз, метавонад бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин кунад».
Даъватшавандагони ноҳияҳои минтақаи Рашт иброз доштанд, ки «ҷавонон масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳис намуда, ҳамасола дар рӯзи якуми даъвати ҳарбӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мегарданд. Мо ҳам мисли дигар ҷавонмардони Ватан ихтиёрона ба сафи артиши миллӣ ҳамроҳ мешавем ва аз масъулиятшиносии мо, ҷавонон аст, ки ҳамасола сари вақт нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ин ноҳияҳои минтақа сад фоиз иҷро мегардад. Мо боварии комил дорем, ки ҷавонони дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ сари вақт ба сафи Артиши миллӣ дохил гардида, Тоҷикистони азизро сарбаландона ҳифз менамоянд».
Дар ҳамоиш ба зиёда аз 200 нафар даъватшавандагоне, ки даври омӯзишии ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа»-ро аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ дохил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
Гуларӯс Ҳайдарова- модари даъватшаванда Муҳаммадалӣ Сайфиддинов аз ноҳияи Сангвор гуфт, ки «мо, модарони Раштонзамин сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро содиқона дастгирӣ намуда, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия менамоем. Имрӯз мебинем, ки чӣ гуна фарзандони мо масъулият ҳис намуда, бо сари баланд ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мешаванд. Мо аз ин азми фарзандонамон ифтихор менамоем».
Дар анҷоми ҳамоиш барномаи консертии санъаткорони ноҳия ва чун анъанаи гузаштагон маросими кулчагазон баргузор шуд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар













Ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар Норак дар рӯзи якум иҷро шуд
РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Қазон ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар шаҳри Гулистон нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Наваскарони ноҳияи Ёвонро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ботантана гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Шаҳри Бохтар нақшаи даъвати тирамоҳиро 100 фоиз иҷро намуд
ХИЗМАТ БА ВАТАН–ШАРАФИ ҶАВОНМАРДӢ. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда оғоз гардид






