Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар самтҳои фарҳанг, ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди касбии мутахассисон ва табодули таҷриба дар бахши осорхонавӣ дар мулоқоти директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо роҳбари намояндагии Шурои Британияи Кабир дар Узбекистон, директори кластер барои минтақаи Осиёи Марказӣ Майкл Ҳоулет (Michael Howlett) ва намояндагони ҷониби Британияи Кабир дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Зафаршо Иброҳимзода оид ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, фарҳангӣ-маърифатӣ ва намоишгоҳии Осорхонаи миллӣ, инчунин нақши он дар ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз соли 2013 ба фаъолият оғоз намуда, солҳои охир ҳамкории байналмилалиро густариш додааст. Муассиса бо осорхонаҳо ва марказҳои фарҳангии кишварҳои гуногун ҳамкорӣ намуда, дар ташкили намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва фарҳангӣ фаъолона иштирок мекунад.
Дар мулоқот инчунин оид ба самтҳои фаъолияти байналмилалии Осорхонаи миллӣ, аз ҷумла баргузории намоишгоҳҳо дар кишварҳои хориҷӣ ва омодагӣ ба намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари мероси нодир» дар Осорхонаи тамаддуни шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия маълумот дода шуд.
Ҷонибҳо масъалаи муайян намудани самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллӣ ва Шурои Британияро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, рушди забони англисӣ байни кормандон, омӯзиш ва такмили ихтисоси мутахассисон, табодули таҷриба дар соҳаи тармим ва консерватсияи ашёи осорхонавӣ, рақамикунонии фаъолияти осорхонавӣ ва истифодаи усулҳои муосири корӣ пешниҳод гардиданд.
Ҳамчунин масъалаи омӯзиш ва таҳқиқи мероси хаттӣ ба забонҳои форсӣ ва арабӣ, ки дар осорхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангии Британияи Кабир маҳфузанд, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Намояндагони Шурои Британия барои ҳамкорӣ дар самтҳои пешниҳодшуда ибрози омодагӣ намуда, таъкид карданд, ки ба татбиқи ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муштарак мусоидат мекунанд. Дар фарҷоми мулоқот ба намояндагони Шурои Британия феҳристҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла феҳристи «Сӯзанӣ» тақдим карда шуданд.
Мулоқот дар таҳкими робитаҳои касбии байналмилалӣ ва фароҳам овардани имконоти нави ҳамкорӣ дар самтҳои ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди фаъолияти осорхонавӣ, маориф ва табодули таҷриба қадами муҳим арзёбӣ гардид.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид






