ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, якшанбе, 277-умин рӯзи соли 2026 аст

Октябрь 4, 2026 08:00

4 октябри соли 2013 дар ҷаласаи  11–уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Раиси Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

***

4 октябри соли 2013 Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини 12 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуданд.

***

4 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Дӯстӣ»-и шаҳри Кӯлоб маркази замонавии хизматрасонии «Роҳи абрешим»-ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

***

4 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Муъминобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом дода, натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои ноҳияро давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ таҳлил намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Хуснулинро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ карда шуд.

4 ОКТЯБР:

Рӯзи умумиҷаҳонии олами ҳайвонот.

***

Ҳафтаи ҷаҳонии кайҳон.

***

Рӯзи байналмилалии манзил.

***

Дар Тоҷикистон  якшанбеи якуми моҳи октябр — Рӯзи омӯзгорон.

***

Дар Русия — Рӯзи мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

***

Дар Белгия — Рӯзи соҳибистиқлолӣ.

РӮЙДОДҲО:

4 октябри соли 1675 физики ҳолландӣ Христиан Гюйгенс барои соатҳои кисагӣ шаҳодатномаи тасдиқкунандаи ҳуқуқи ихтироъкорӣ гирифт.

***

4 октябри соли 1991 сарони давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ба истиснои кишварҳои назди Балтика шартномаи ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1999 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Маркази идора ва зери назорат гирифтани ҷинояткорӣ дар Шабакаи интернетӣ ташкил ёфт.

***

4 октябри соли 2013 дар пойтахти Қирғизистон- шаҳри Бишкек Форуми 7-уми ҳамкории Федератсияи Русия ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1992 дар Амстердам пас аз 15 дақиқаи парвоз ҳавопаймои Исроил ба садама дучор шуд, ки дар натиҷа 43 нафар ҳалок шуданд.

***

Соли 2000 рӯйхати давлатҳоҳои «мобилӣ» нашр шуд. Финляндия бо доштани 76 фоизи обунашавандаҳо ба хизматрасонии алоқаи бесим (бо назардошти шумораи аҳолии кишвар) дар ин феҳрист мақоми якумро касб намуд.

Октябрь 4, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, шанбе, 276-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, ҷумъа, 275-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, панҷшанбе, 274-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, чоршанбе, 273-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, сешанбе, 272-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, душанбе, 271-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, якшанбе, 270-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, шанбе, 269-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, ҷумъа, 268-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, панҷшанбе, 267-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, чоршанбе, 266-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, сешанбе, 265-умин рӯзи соли 2026 аст