ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, сешанбе, 279-умин рӯзи соли 2026 аст

Октябрь 6, 2026 08:00

6 октябри соли 2015 дар шаҳри Сочи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин масоили ҳамкории дуҷонибаи давлатҳоро баррасӣ намуданд.

***

6 октябри соли 2022 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ Аксел ван Тротсенбург ва ноиби президенти ҳамин бонк хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон маросими рӯнамоии ҷилди дуюми китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» ( «Забон ва замон») баргузор гардид.

***

6 октябри соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ  Президенти Ҷоми Халиҷ Ҳамад бин Халиф бин Аҳмад Ал-Тани ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллеро ба ҳузур пазируфтанд.

6 ОКТЯБР:

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист.

***

Дар Туркманистон- Рӯзи гиромидошт.

***

Дар Миср- Рӯзи артиш.

РӮЙДОДҲО:

6 октябри соли 1920 Ҷумҳурии халқии Шуравии Бухоро ташкил ёфт.

***

6 октябри соли 1932 фабрикаи шоҳибофии Душанбе, ҳоло комбинати шоҳибофӣ ба кор оғоз намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1948 дар Ашқобод заминҷунбӣ бо шиддати 9 балл ба амал омад.

***

Дар ин рӯзи соли 1966 дар Беларус Ҳафтаи адабиёти тоҷик кушода шуд.

***

6 октябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе Форуми байналхалқии Фонди ҳифзи Арал доир гардида, дар хотимаи он эъломия қабул шуд.

***

6 октябри соли 2016 дар Маркази таърихӣ — фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» Фестивали «Оши палов» доир гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1866 дар таърихи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нахустин маротиба дар қатора дуздӣ ба амал омад, ки дар он бародарон Рено беш аз 10 ҳазор долларро рабуданд.

***

Соли 2018 дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон ҷаласаи аввалини муштараки вазирони корҳои дохилии давлатҳои Осиёи Марказӣ  баргузор гардид.

Октябрь 6, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, душанбе, 278-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, якшанбе, 277-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, шанбе, 276-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, ҷумъа, 275-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, панҷшанбе, 274-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, чоршанбе, 273-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, сешанбе, 272-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, душанбе, 271-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, якшанбе, 270-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, шанбе, 269-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, ҷумъа, 268-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, панҷшанбе, 267-умин рӯзи соли 2026 аст