Рӯзноманигори шинохта Шарифи Мисайзод аз олам даргузашт

Июнь 16, 2016 14:56

Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шарифи Мисайзод,  рӯзноманигори шинохтаи тоҷик субҳи имрӯз дар  50-солагӣ аз олам даргузашт. Тӯли чанд соли охир ӯро бемории қалб азият медод, вале тавре ҳамкорон ва дӯстонаш мегӯянд, ҳатто як рӯз ҳам фаъолияти эҷодии худро қатъ накардааст.
Фаъолияти рӯзноманигории Шарифи Мисайзод  ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта шуруъ гардида, ӯ аввал дар идораи «Ахбор»  ва баъдан дар идораи барномаҳои сиёсӣ ва байналхалқии радиои Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ӯ  аз муҳаррирони масъули барномаи «Хоки Ватан» низ дониста мешавад.
Бо ташкил гардидани Радиои «Садои Душанбе» 18 январи соли 1999 то вопасин лаҳзаҳои умр фаъолияти рӯзноманигории худро дар ҳамин радио идома додааст.
Шарифи Мисайзод   аз зумраи аввалин рӯзноманигоронест,  ки гузоришҳои мустақимро аз ҷараёни воқеаву рӯйдодҳои муҳими Тоҷикистон пешниҳоди шунавандагон гардонида, як мактаби бузургеро дар  шакли нави гузоришҳо  роҳандозӣ  намудааст. Дар баробари фаъолияти рӯзноманигорӣ, ҳамчунин ӯ бо тахаллуси Шайдо шеър мегуфт.
Шарифи Мисайзод на танҳо иштирокчии чандин озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ ва байналмилалӣ, балки  сазовори мақомҳои аввал ва ифтихорӣ низ  гардидааст.  Аз ҷумла, соли 2014 дар озмуни «Ҷило-2014»  ҷоизаи ин озмунро дар номгӯи «Беҳтарин радиожурналисти сол»  ба даст овардааст.
Ӯ ҳамчунин дорандаи унвони   «Аълочии матбуот»,  «Аълочии  телевизион ва радио» ва узви ИЖТ мебошад.

Июнь 16, 2016 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад