Беҳтаринҳои соҳаи варзиш дар соли 2015

Декабрь 30, 2015 10:06

Душанбе 30.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — 26 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе бо баргузории як чорабинии тантанавӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, ҳафтаномаи «Варзиш-Спорт», Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ва федератсияҳои миллии варзишӣ беҳтаринҳои соҳаи варзиш дар соли 2015-ро муайн намуданд.
Хамин тавр аьзои комиссия озмунҳои «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Федератсияи миллии варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Шаҳр ва ноҳияи беҳтарини варзишии сол» ва «Беҳтарин ВАО оид ба тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ эълон гардида буданд, ҷамъбаст карда, инҳоро беҳтаринҳо эьлон намуданд:
1. «Варзишгари беҳтарини сол»:
Назаров Дилшод Ҷамолиддинович
2. «Варзишгарбонуи беҳтарини сол»
Тюраева Сабина Далеровна
3. «Мураббии беҳтарини сол»
Эргашев Мубин Асрорович
4. «Мактаби варзишии беҳтарини сол»
Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквондо»
5. «Федератсияи миллии варзишии беҳтарини сол»
Федератсияи футболи Тоҷикистон
6. «Беҳтарин иншооти варзишии сол»
Корти тенниси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»
7. «Беҳтарин майдони варзишии сол»
Корхонаи воҳиди давлатии «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ»
8. «Беҳтарин шаҳр ва ноҳияи варзишӣ дар ҷумҳурӣ»
шаҳри Душанбе
9. «Беҳтарин ВАО оид ба тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»
Рўзномаи «Варзиш-Спорт»

Декабрь 30, 2015 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт